Ҳазор баробар афзуд: Тоҷикистон чанд “бизнес леди” дорад?

© Фото : пресс-служба президента РТТаджикские женщины в одежде из атласа
Таджикские женщины в одежде из атласа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Теъдоди бонувони тоҷикистоние, ки ба соҳибкорӣ машғуланд, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз ҳазор баробар зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Нигорахон Ғаффорзода, ноиби аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷумҳурӣ 75 ҳазор зан ба соҳибкорӣ машғуланд.
Ғаффорзода барои қиёс зикр кардааст, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 64 соҳибкорзан фаълият мекардааст. Ӯ дар суҳбат бо нашрияи парлумонии “Садои мардум” изҳор доштааст, ки феълан танҳо бонувони соҳиби корхонаи истеҳсолӣ зиёда аз 4 ҳазор нафаранд.

"Дар маҷмуъ, ҳоло зиёда аз 75 ҳазор зан ба соҳибкорӣ машғуланд. Беш аз 38 ҳазори онҳо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд”, - афзуд ноиби раиси Кумитаи кор занон.

Вай илова намудааст, ки танҳо соли гузашта зиёда аз 1700 зан дастрасӣ ба истифодаи замин пайдо карданд, ки имкон медиҳад, онҳо ба истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ машғул гарданд.
Ба иттилои кумита, дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон талош доранд, ки ҳарчи бештар занонро бо касбомӯзӣ фаро гиранд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2022
Бо шумо ифтихор мекунем: Раҳмон бонувони тоҷикро шодбош гуфт
Мақомот мегӯянд, теъдоди занон дар хидмати давлатӣ низ майли афзоиш дорад. Ҷумъа Давлатов, раиси Агентии хидмати давлатии вобаста ба раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран гуфт, дар аввали соли 2022 дар ҷумҳурӣ 18 ҳазору 701 хидматчии давлатии шаҳрвандӣ фаъолият мекунанд, ки аз ин миён 4 ҳазору 518 ё худ 24,1%-ро занон ташкил медиҳанд.
Шумораи мақомдорони давлатӣ, ки дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият менамоянд, ба иттилои Давлатов, ба 5 ҳазору 764 нафар мерасад. Аз ин шумора 1 ҳазору 113 нафар занонанд, ки 19,3 дарсади шумораи умумиро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0