Арзиши бензин дар Суғд бештар аз 11 сомонӣ шуд

Работа АЗС в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Гарон шудани арзиши маводи сӯхт дар вилояти Суғд ба роҳкиро таъсир кард. Ҳоло роҳкиро дар баъзе минтақаҳои ин вилоят аз 25 ба 50 дарсад боло рафтааст
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар маркази вилояти Суғд маводи сӯхт гарон шуд.
Агар ҳафтаи қаблӣ арзиши бензини АИ95, 11 сомониро ташкил медод, вале рӯзи 9 март дар тоблуҳое, ки ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт дар навоҳии Суғд мураттаб намудаанд, арзиши як литр бензин 11,3 сомонӣ навишта шудааст. Дар муқоиса ба як ҳафтаи қаблӣ нархи ин навъ бензин 30 дирам афзудааст.
Ҳамзамон нархи бензини АИ 92 ҳоло аз 10,7 то 11,1 ва сӯзишвории дизелӣ то 11,3 сомонӣ боло ҷаҳидааст.
Танҳо нархи гази моеъ бидуни тағйирот мондааст ва ду ҳафтаи ахир сокинони шаҳри Хуҷанд ин навъ маводи сӯзишвориро бо нархи 6,2 - 6,3 сомонӣ харидорӣ мекунанд.
Заправка бензином автомобиля на автозаправочной станции АЗС  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2022
Аз бензин то газу солярка: Болоравии нархи маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон, тибқи иттилои расмӣ, беш аз 60 дарсади мошинҳо аз гази моеъ истифода менамоянд. Болоравии нархи гази моеъ ба арзиши ҳамлу нақли мусофирон таъсир расонда, роҳкиро дар манотиқи вилояти Суғд аз 25 то 50 дарсад боло бурд.
Тибқи мушоҳидаҳои сокинон, қаблан нархи гази моеъ танҳо дар аввал ва охири мавсими киштукор каме боло мерафт.
Аммо соли гузашта барои нахустин бор дар кишвар афзоиши рекордии қимати гази моеъ сабт шуд, ки он замон қимати як литр газ ба 9 сомонӣ расида буд.
Лентаи хабарҳо
0