"Онҳо садҳо ададанд": Лавров дар бораи биолабораторияҳои низомии Амрико дар ҷаҳон - видео

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкВстреча глав МИД РФ и Ирана С. Лаврова и Х. Амира Абдоллахиана
Встреча глав МИД РФ и Ирана С. Лаврова и Х. Амира Абдоллахиана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2022
Обуна шудан
Вазири умури хориҷии Русия гуфт, фаъолияти биолабораторияҳои Амрико башариятро таҳдид ба марг мекунанд
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, биолабораторияҳои Амрико дар ҷаҳон садҳо адад мебошанд.

"Ман итминон дорам, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи ғайриқобили қабул будани чунин фаъолиятҳо, ки дар маҷмуъ бо хатарҳои марговар шумораи зиёди шаҳрвандони осоиштаро таҳдид мекунанд, минбаъд бештар итминон ҳосил хоҳад кард", - таъкид кард вазир.

Лавров афзуд, Русия баррасии минбаъдаи масъалаи озмоишгоҳҳои биологии Амрикоро дар доираи Конвенсияи силоҳи биологӣ ва токсинӣ талаб хоҳад кард.
Пас аз он, ба гуфтаи ӯ, Русия ба дунболи мамнуияти Вашингтон барои пешгирӣ аз пешниҳоди Маскав дар мавриди эҷоди механизми вижаи мутобиқи ин конвенсия барои ростиозмоии ҳар гуна паёми ҳушдордиҳанда хоҳад буд.
Сухан дар бораи ташаббусҳои иттилоотие меравад, ки Русия 20 сол пеш ба миён гузошта буданд. Пешниҳод шудааст, ки ҳангоми мавҷуд будани сигналҳо дар бораи маводе, ки барои истеҳсоли силоҳи биологӣ пешбинӣ шудаанд, тартиби махсус ҷорӣ карда шавад.
Қаблан Вазорати дифои Русия аснодеро мунташир карда буд, ки дар он маълумот дар бораи сарфи беш аз 200 миллион доллари ИМА барои фаъолияти озмоишгоҳҳои биологӣ дар Украина мавҷуд аст.
Геннадий Онищенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Онишенко: Биолабораторияҳои ИМА дар Украина ҳамла омода мекунанд
Дар қаламрави Украина беш аз 30 лабораторияи биологӣ таъсис дода шуд, ки ба манфиати Пентагон фаъолият мекарданд, гуфт генерал-лейтенант Игор Кириллов, сардори Қӯшунҳои радиатсионӣ, кимиёӣ ва биологии қувваҳои мусаллаҳи Русия.
Ба гуфтаи ӯ, ҳама чизи зарурӣ барои идомаи барномаи низомии биологии Иёлоти Муттаҳида пас аз оғози амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина мунҳадим шудааст.
Лентаи хабарҳо
0