Казакова гуфт, кадоме аз муҳоҷирон метавонанд шаҳрвандии Русия гиранд

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузаштан ба хазинаи аксСитуация возле многофункционального миграционного центра
Ситуация возле многофункционального миграционного центра  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Намояндаи ВУД гуфт, кадоме аз шаҳрвандони хориҷӣ дар гирифтани шаҳрвандии Русия авлавият дорад
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Режими истиқомати доимӣ дар қаламрави Русия, ки ба хориҷиён имкон медиҳад, ки дар оянда барои гирифтани шаҳрвандӣ муроҷиат кунад, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия ҳамчун мақоми асосии муҳоҷират баррасӣ мешавад.
Дар ин бора Валентина Казакова, сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия дар суҳбат бо ТАСС хабар дод.

"Режими ҳуқуқӣ пеш аз ҳама ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки забони русиро медонанд ва аз ҷиҳати тафаккуру фарҳанг ба мо наздиканд, тааллуқ мегирад", - шарҳ дод вай.

Казакова ҳамчунин афзуд, ки ҳуқуқи истиқомати доимӣ ба муддати номуайян дода мешавад.
Қаблан Вазорати корҳои дохилии Русия дар чаҳорчӯби татбиқи консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷират лоиҳаи қонунеро омода карда буд.
Центр содействия мигрантам в Волгограде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2022
Пешниҳоди тағйири қоидаи сабти номи муҳоҷирон: Шарҳи Казакова
Тибқи ин санад, ҷорӣ намудани се низоми будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия пешбинӣ шудааст.
Реҷаи дарозмуддат ба муҳоҷирон имкон медиҳад, ки дар Федератсияи Русия беш аз 90 рӯз дар як сол бидуни гирифтани иҷозаи иқомати доимӣ бимонанд.
Лентаи хабарҳо
0