ВУХ-и Чин мавқеашро дар мавриди Украина воқеъбинона ва одилона хонд

© REUTERS / Jason LeeМинистр иностранных дел КНР Ван И
Министр иностранных дел КНР Ван И - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазири умури хориҷии Чин гуфт, Пекин тасмим дорад, дар мавриди Украина мавқеи мустақил дошта бошад
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Ван И, вазири умури хориҷии Чин гуфт, мавқеи Пекин дар мавриди буҳрони Украина воқеъбинона ва одилона аст.

“Мавқеи Чин воқеъбинонаву одилона аст ва ба ормонҳои аксари кишварҳо мувофиқ аст. Вақт нишон хоҳад дод, ки мавқеи мо дар самти рости таърих қарор дорад”, - навиштааст сомонаи расмии вазорат аз қавли Ван И.

Тавре дипломат ёдовар шуд, қаблан Си Ҷинпин, роҳбари Чин дар суҳбат бо Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико муносибати Пекинро ба масъалаи Украина “равшану ҳамаҷониба” баён карда буд ва паёми мақомоти Чин ин аст, ки ба хотири ҳалли буҳрону таъмини субот дар қитъаи Аврупо аз тафаккури ҷанги сард даст кашидан лозим аст.
Президент РФ В. Путин вручил государственные награды заслуженным российским хоккеистам - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лукашенко: Русия мехоҳад, Украина кишваре чун Беларус шавад
Ван И гуфт, ки ҳамаи тарафҳо иқдомҳои ба кор бурда барои ҳалли бӯҳрон бо мақсади қатъи ҳарчӣ зудтари ҷанг ва ҷилавгирӣ аз талафоти ғайринизомиён якҷоя бояд кор кунанд.
Вай таъкид кард, ки Чин хамеша мукобил ҷанг аст.
"Ин на танҳо дар анъанаҳои таърихӣ ва фарҳангии Чин, балки дар сиёсати пайвастаи хориҷии ин кишвар реша мегирад. Чин минбаъд низ воқеъбинона ва одилона рафтор хоҳад кард", - афзуд дипломат.
Ван И таъкид кард, ки мақомот ҳар гуна маҷбурсозию фишори беруниро ғайриқобили қабул медонанд ва ҳамчунин ба "ҳар гуна иттиҳому гумонҳои беасос алайҳи онҳо" мухолиф мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
LIVE_СПУТНИК: Интервью Лаврова телеканалу RT - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Суҳбати ихтисосии Лавров бо RT: аз душмантарошӣ то муштаракоти Украина ва Русия
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0