Янгишаҳру Минбулоқу Қазақтар иваз шуданд: Тағйири беш аз 40 ҷойном дар Лахш

© Sputnik / Амир ИсаевТабличка на здании парламента Республики Таджикистан
Табличка на здании парламента Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон қарори тағйири бархе ҷойномҳо дар ноҳияи Лахшро ба имзо расонд
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Номи 44 воҳиди маъмурию ҳудудӣ ва маҳаллаҳои аҳолинишин дар ноҳияи Лахш, Ҷиргатоли собиқ иваз карда шуданд.
Тағйироти мазкур аз ҷониби ҳукумат дар асоси пешниҳоди вакилони маҳаллии ноҳияи Лахш ироа гардида, палатаи болоии парлумон онҳоро қабул намуд.
Бар асоси қарори нашршуда, ҷамоатҳои деҳоти Янгишаҳр ба Нурафшон, деҳоти Сартало ба Саритал, деҳоти Қашот ба Истиқлол, деҳоти Муқсу ба Лахши Боло, деҳоти Алға ба Сайлиобод тағйири ном карданд.
Номи деҳаи Яраши деҳоти Пилдон ба Дӯстобод, деҳаи Чубайи деҳоти Пилдон ба Лолазор, деҳаи Занкони деҳоти Ҷиргатол ба деҳаи Қалъаи Зангкӯб, деҳаи Қарчини деҳоти Ҷиргатол ба Кӯҳдоман, деҳаи Ҷанҷери деҳоти Ҷиргатол ба Навдиёр, деҳаи Ақҷари деҳоти Янгишаҳр ба деҳаи Сафедҷар табдили ном карданд.
Тақдими мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳо ба низомиёни Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2022
Пешниҳоди тоҷикӣ кардани рутбаҳои низомӣ дар Тоҷикистон қабул нашуд
Инчунин деҳаи Чонқирғизи деҳоти Янгишаҳр ба Зарбоғ, деҳаи Ярмазари деҳоти Янгишаҳр ба деҳаи Ёрмазор, деҳаи Долонои деҳоти Янгишаҳр ба деҳаи Дӯлона, деҳаи Янгишаҳри деҳоти Янгишаҳр ба деҳаи Хуррамшаҳр, деҳаи Қашқатераки деҳоти Янгишаҳр ба деҳаи Сафедорак, деҳаи Ҷултераки деҳоти Янгишаҳр ба деҳаи Корвонгузар, деҳаи Қушағбаи деҳоти Сурхоб ба деҳаи Дуағба, деҳаи Шилбилии деҳоти Сурхоб ба деҳаи Бушолон, деҳаи Ҷилондии деҳоти Сурхоб ба деҳаи Дашти мурғон, деҳаи Сугати деҳоти Сурхоб ба деҳаи Обшорон табдил ёфтанд.
Деҳаи Сарталои деҳоти Сартало ба деҳаи Саритал, деҳаи Ҷолболоти деҳоти Сартало ба деҳаи Навроҳа, деҳаи Чари деҳоти Сартало ба деҳаи Чордара, деҳаи Қазақтари деҳоти Сартало ба деҳаи Қазоқон, деҳаи Қоштегирмени деҳоти Сартало ба деҳаи Осиёбон, деҳаи Минбулоқи деҳоти Сартало ба деҳаи Ҳазорчашма, деҳаи Домбрачии деҳоти Қашот ба деҳаи Думбрасозон аз тағйроти дигар мебошанд.
Символ Навруза - суманак  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2022
Се ҳазор сол пеш аз дини зардуштӣ ва 4 ҳазор пеш аз Ислом: Раҳмон аз таърихи Наврӯз гуфт
Дар феҳрасти табдили ҷойномҳо инчунин деҳаи Қашоти деҳоти Қашот ба деҳаи Сарипул, деҳаи Қарасойи деҳоти Қашот ба деҳаи Хингсой, деҳаи Ҷаилғани деҳоти Лахш ба деҳаи Чорсу, деҳаи Муқури деҳоти Лахш ба деҳаи Каёндеҳ, деҳаи Оқсойи деҳоти Лахш ба деҳаи Сафеддара, деҳаи Дуванаи деҳоти Алға ба деҳаи Меҳробод, деҳаи Ғуламаи деҳоти Алға ба деҳаи Гулзорон, деҳаи Ачиқалмаи деҳоти Алға ба деҳаи Себистон зикр шудаанд.
Инчунин деҳаи Сарғойи деҳоти Алға ба деҳаи Доманакӯҳ, деҳаи Қаромиқи деҳоти Алға ба деҳаи Тоҷварон, деҳаи Қарашӯраи деҳоти Муқсу ба деҳаи Шириноб, деҳаи Байлартопи деҳоти Муқсу ба деҳаи Самарманд, деҳаи Сасиқбулоқи деҳоти Муқсу ба деҳаи Чашмасор, деҳаи Сарикенҷаи деҳоти Муқсу ба деҳаи Лахш, деҳаи Қаракенҷаи деҳоти Муқсу ба деҳаи Зарринрӯд, деҳаи Муки деҳоти Муқсу ба деҳаи Муғ табдили ном кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0