Писари Байден озмоишгоҳҳои биологии амрикоиро дар Украина маблағгузорӣ мекард

© AFP 2022 / DAVID MCNEWДжо Байден и его сын Хантер Байден
Джо Байден и его сын Хантер Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Хазинаи писари Байден дар маблағгузории лабораторияҳои биологии ИМА дар Украина нақш дошт
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Фонди сармоягузории "Rosemont Seneca" гуфтааст, писари раисҷумҳури ИМА Ҳантер Байден барномаи биологии Пентагон дар Украинаро маблағгузорӣ мекунад.
Дар ин бора Игор Кириллов, раиси нерӯҳои дифои радиатсионӣ, кимиёӣ ва биологии нерӯҳои мусаллаҳи Русия хабар дод.
Ба таъкиди ӯ, ҳуҷҷатҳое, ки ба артиши Русия дастрас шуданд, имкон доданд, намунаи ҳамкории сохторҳои давлатии ИМА ва объектҳои биологии Украинаро пайгирӣ кунанд.
Вай таъкид кард, ки фонди сармоягузории Ҳантер Байден ба маблағи на камтар аз 2,4 миллиард доллар захира дорад.
Илова бар ин Бунёди Сорос ва созмонҳои дигар дар барномаи низомии биологии ИМА дар Украина ширкат доштаанд, афзуд Кириллов.
Владимир Путин про пронацистский режим в Киеве и обнаруженные биолаборатории - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2022
Путин: Талош мешавад, изи озмоишгоҳҳои биологӣ дар Украина пок гардад - видео
"Миқёси ин барнома таъсирбахш аст. Дар татбиқи он ба ҷуз аз департаменти низомӣ, Оҷонсии рушди байналмиллалии ИМА, Бунёди Ҷорҷ Сорос, Маркази назорат ва пешгирии бемориҳо бевосита иштирок доранд. Назорати илмиро пажуҳишҳои пешқадам анҷом медиҳанд, ташкилотхо, аз он ҷумла лабораторияи миллии Лос-Аламос, ки яроқи ядроиро дар доираи лоиҳаи Манҳэттен истеҳсол мекунад", - таъкид намуд генерал-лейтенант.
Вазорати дифоъ ба хулосае омад, ки авлавияти Иёлоти Муттаҳида дар кори лабораторияҳои биологии Украина омӯзиши як ангезандаи махсусан хатарноки сӯхтанӣ будааст. Ба хориҷ на танҳо намунаҳои бофтаҳо ва зардобаи хуни одам, балки микроорганизмҳои касалиҳои хавфнок ҳам аз он ҷо содир мешудаанд.
Онишенко: Биолабораторияҳои ИМА дар Украина ҳамла омода мекунанд
Ҳамин тариқ, беш аз даҳ ҳазор намуна ба маркази Лугари Гурҷистон фиристода шуд.
Кириллов қайд кард, ки содироти микроорганизмҳои патогенӣ ба хориҷа хатари ихроҷи "маълумоти ҳассоси генетикӣ" ва инчунин таҳдид ба амнияти биологиро на танҳо барои Украина, балки барои минтақаҳое, ки намунаҳо интиқол дода шудаанд, ба вуҷуд меорад.
Илова бар ин Русия асноде дарёфт кардааст, ки Иёлоти Муттаҳида дорувории таъйиднашударо дар сарбозони украинӣ озмоиш кардааст.
Работа полевой биолаборатории Министерства обороны РФ, развернутой на авиабазе Орио-аль-Серио в Италии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Марги cареъ: озмоишгоҳҳои Украина чӣ хатар доранд - мусоҳиба
"Мо дар бораи системаи скрининги "Deep Drug" барои доруворӣ, ки аз тартиби иҷозатномадиҳӣ дар ИМА ва Канада нагузаштаанд, ҳарф мезанем... Аламовар он аст, ки таҳиягарон ин доруҳоро дар заминаи тиҷоратӣ, сарфи назар аз он ки кормандони Вазорати дифои Украина ҳамчун ихтиёрӣ ҷалб карда шуданд, пешниҳод мекарданд ", - афзуд Кириллов.
Вай тавзеҳ дод, ки чунин кор дар Иёлоти Муттаҳида манъ аст, бинобар ин Пентагон онҳоро берун аз кишвар мегузаронад. Дар доираи лоиҳаи "UP-8" зиёда аз чор ҳазор нафар ба тадқиқот ҷалб шуда буданд ва тибқи маълумоте, ки дар ВАО-и Булғористон нашр шудаанд, танҳо дар ҷараёни озмоишҳо дар лабораторияи Харков тақрибан 20 сарбози украинӣ кушта ва 200 нафар дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Дар маҷмуъ, ба гуфтаи Вазорати хориҷии Чин, Иёлоти Муттаҳида 336 озмоишгоҳи биологиро дар 30 кишвари ҷаҳон назорат мекунад, афзуд Кириллов ва хостори тавзеҳот аз Вашингтон дар бораи ҳадафҳои аслии кори онҳо шуд.
Лентаи хабарҳо
0