Туркия сарморо намехоҳад: Эрдуғон аз таҳримоти зидди Русия даст кашид

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент Турции Реджеп Тайип Эрдоган
Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раҳбари Туркия дар бораи мавқеи расмии Анкара дар мавриди маҳдудиятҳои тиҷоратӣ ба энержии Маскав сухан гуфт
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Туркия алайҳи Русия таҳрим нахоҳад кард. Дар ин бора Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия ҳангоми бозгашт аз Брюссел дар суҳбат бо хабарнигорон изҳор дошт.
Вай ин тасмимро ба он рабт дод, ки шаҳрвандони оддӣ бидуни гази Русия аз сармо азият мекашанд.

"Ман инро кайҳо шарҳ дода будам. Зеро имрӯз агар танҳо гази табииро ба назар гирем, тақрибан нисфи гази табииеро, ки мо истифода мекунем, аз Русия мегирем", - шарҳ дод сиёсатмадор.

Раҳбари Туркия аз тарҳи муштараки Маскав ва Анкара барои бунёди нерӯгоҳи барқи атомии "Аккую" ёдовар шуд. Эрдуғон афзуд, ки ӯ танҳо ба манфиатҳои Туркия амал мекунад.
"Аввал, ман наметавонам халқи худро дар зимистон дар сармо гузорам. Сониян, ман наметавонам саноати худро комилан дубора ба кор андозам. Мо бояд онҳоро ҳифз кунем. Мо давлат ҳастем, 85 миллион нафар дорем", - таъкид кард президенти Туркия.
Заседание межправительственной российско-турецкой комиссии по торгово-экономическому сотрудничеству - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2022
Туркия аз таҳримҳо алайҳи Русия даст кашид
Ин сиёсатмадор ҳамчунин дар мавриди сарусадоҳо дар атрофи музокирот бо ИМА дар бораи интиқоли системаҳои дифои зидди ҳавоии С-400-и харидааш аз Русия ба Украина дар ивази лағви як қатор таҳримҳо аз сӯйи Вашингтон изҳори назар кард.
"Ин масъала барои мо баста аст. Ин моликияти мо дар нуқтаи дифоъ аст", - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки пас аз оғози амалиёти вижаи низомии Русия барои ҳифзи Донбасс кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои бесобиқа ҷорӣ карданд, ки ба иқтисоди ҷаҳонӣ зараровар аст.
Дар навбати худ Туркия дар ибтидо дар муноқишаи Украина мавқеи бетарафро ишғол кард. Мақомоти ин кишвар аз Конвенсияи Монтрё истифода карда, гулӯгоҳҳоро барои киштиҳои ҷангии Русия ва Украина бастанд.
Анкара борҳо пешниҳод кардааст, ки музокироти Маскав ва Киев дар қаламрави худ баргузор шавад, агар ин ба ҳалли ихтилофоти мавҷуд мусоидат кунад.
Лентаи хабарҳо
0