Дар назар аст, Душанбе мизбони мусобиқаи байналмилалии велосипедронии кӯҳӣ низ шавад

© Дафтари матбуотии шаҳрдори ДушанбеРустами Эмомалӣ ва президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Осама ал Шафар
Рустами Эмомалӣ ва президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Осама ал Шафар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2022
Обуна шудан
Дар назар аст, ки Тоҷикистон мизбони мусобиқаи байналмилалии велосипедронии кӯҳӣ низ гардад
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо президенти Федератсияи байналмилалии велосипедронӣ Давид Лаппартиен ва президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Осама Алшафар мулоқот кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Рустами Эмомалӣ, дар мулоқот масоили марбут ба варзиши велосипедронӣ ва рушди он дар минтақа баррасӣ гардиданд.
Рустами Эмомалӣ барои макони ин чорабинӣ интихоб шудани шаҳри Душанбе ва дар сатҳи баланд ташкилу гузаронидани сабқати мазкур изҳори сипос намудааст.
Чемпионат Азии по велоспорту в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2022
Сабқати дучархаронҳо дар Душанбе - тафсилот
Дар навбати худ Давид Лаппартиен ва Осама Алшафар аз сатҳи баланди омодагӣ барои гузаронидани ин мусобиқа гуфтаанд.
Дар ин мулоқот Рустами Эмомалӣ пешниҳод кардааст, ки барои муаррифӣ ва рушди ин намуди варзиш дар Тоҷикистон солҳои оянда мусобиқаи байналмилалии велосипедронии кӯҳӣ гузаронида шавад.

"Вобаста ба ин масъала ҷонибҳо ба мувофиқа расида, зикр гардидааст, ки баъд аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳои лозим аз ҷониби Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон ин чорабинии варзишӣ дар ояндаи наздик баргузор хоҳад гашт", - афзудаас манбаъ.

Ҳамзамон дар ин дидор таъкид шуд, ки ҳоло дар пойтахт шароиту имконоти мувофиқ ва ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ фароҳам гардида, дилхоҳ мусобиқаҳои байналмилалии варзиширо шаҳри Душанбе метавонад мизбонӣ намояд.
Дар поёни мулоқот Рустами Эмомалӣ гуфтааст, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои зикргардида, бахусус мусобиқаи байналмилалии велосипедронии кӯҳӣ дастгирии ҳаматарафа ва бевосита пешниҳод месозад.
Ёдовар мешавем, ҳоло дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар бо ҷалби беш аз 400 варзишгар аз 27 давлати минтақаи Осиё идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0