Маст буд: садамаи маргбор дар Петербург ба айби ронандаи тоҷик

© Sputnik / Илья ПиталевДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2022
Обуна шудан
Ронанда мошинро дар ҳолати мастӣ идора кард. Дар сурати собит шудани гуноҳи шаҳрванди Тоҷикистон алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз мешавад
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Дар Санкт-Петербург ба айби муҳоҷири тоҷик садамаи маргборе рух додааст.
Дар ин бора дар шабакаҳои иҷтимоии "Инспектори роҳ" хабар дода шудааст. Ҳодиса дар чорроҳаи хатти 9-уми ҷазираи Василевский бо соҳили дарёи Смоленка рух додааст.
Дар ин садама мошинҳои "Skoda Octavia" ва "Skoda Rapid", ки тибқи маълумоти пешакӣ, якеро муҳоҷири тоҷик идора мекардааст, ба ҳам бархӯрдаанд.
"Пулиси роҳ муайян намудааст, ки ронандаи хориҷӣ мошинро дар ҳолати сархушӣ идора мекард", - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, "Skoda Rapid" бо суръати баланд аз чароғаки сурх гузашта, ба мошини дигар бархӯрдааст. Дар "Skoda Octavi" ду мусофир қарор доштанд: яке духтари 31-сола, ки дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид ва дигаре як мард буд, ки бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ фавран ба бемористон интиқол дода шуд.
Пистолет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2022
Тоҷикистонӣ дар Петербург тирпаронӣ карду боздошт шуд
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳодисаро таҳқиқ мекунанд. Дар сурати собит шудани гуноҳи ин шаҳрванди Тоҷикистон алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз мешавад.
Қаблан дар ин шаҳр муҳоҷири дигари тоҷик барои ба ҳаво тир холӣ кардан боздошт шуда буд. Ба гуфтаи мҳоҷир, ӯ ба як маросими арӯсӣ рафтааст ва гӯё аз рӯи расму анъанае, ки дар Тоҷикистон ҷой дорад, тирпаронӣ намудааст. Ҳарчанд тирпаронӣ дар маросими издивоҷ хоси мардуми тоҷик набуда, шаҳрвандони Қафқоз бештар аз ин усул истифода мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0