Аз рублу доллар то евро: эълони қурби асъор дар Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир ТрефиловДенежные купюры, пластиковые карты
Денежные купюры, пластиковые карты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2022
Обуна шудан
Асъори русӣ мартро бо як ҷаҳиши тоза пас аз коҳиши бесобиқа дар аввали моҳ хотима медиҳад. Дар ин муддат рубл беш аз 50 сомонӣ поин ва боло рафт
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар каме поин рафта, ҳоло 1000 рубл 150,5 сомонӣ қимат дорад.
Асъори русӣ давоми як рӯз дар баробари пули миллии сомонӣ як сомонӣ коҳиш ёфтааст.
Қурби евро низ дар баробари пули миллӣ афзоиш меёбад ва ба нишондиҳандаҳои аввали сол бармегардад.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, қурби як евро то 14.4387 барои як сомонӣ боло рафта ва зимни харидуфурӯши нақд дар муассисаҳои қарзӣ аз 14.4387 то 14.4300 сомонӣ нарх дорад.
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд.
Доллары на фоне графика - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2022
Поинравии рекордии қурби доллар иқтисоддонҳоро ҳаяҷонзада кард
Дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 130 сомонӣ ва зимни фурӯш 152 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Дар "Спитаменбонк" ҳазор рубл феълан зимни харид 149 сомонӣ ва зимни фурӯш 149 сомониро ташкил медиҳад.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харидуфурӯш 149 ва 150,5 сомонӣ муайян намудааст.
"Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 135 сомонӣ мехараду ба ивази 150 сомонӣ мефурӯшад.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошанд.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0