Чин бо Украина дар бораи кафолатҳои амниятӣ музокира накардааст

© REUTERS/Gleb GaranichУкраинские военные на трассе между Дебальцево - Артемовск 18 февраля 2015 года
Украинские военные на трассе между Дебальцево - Артемовск 18 февраля 2015 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Чин аз кафили амнияти Украина будан изҳори бехабарӣ кард
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Чин дархости Киевро дар бораи ба кафили амнияти Украина табдил додани Пекин дастрас накардааст.
Дар ин бора директори Департаменти аврупоии Вазорати корҳои хориҷии Чин Ван Лутунг дар шарҳи нишасти ахири раҳбарони Чин ва Иттиҳодияи Аврупо хабар дод.
Ба гуфтаи ин дипломат, бояд мушаххас шавад, ки намояндагони Украина дар бораи кафолатҳои амниятӣ маҳз чӣ гуфтаанд.

"Ман хабар надорам, ки мо ягон дархосте гирифта бошем", - менависад РИА "Новости" аз қавли Ван Лутун.

Вай ҳамчунин қайд кард, ки кафолати амниятӣ ва масъалаи кафили амнияти Украина дар паймони сулҳ бо Русия дар нишасти ахири Чину Иттиҳодияи Аврупо матраҳ нашудааст.
Сиёсатмадор ёдовар шуд, ки "Чин ҷонибдори низоъ нест", он дар рушди тиҷорати ҷаҳонӣ саҳм мегузорад ва пайваста зидди истифодаи таҳримҳо мебошад.
Государственные флаги России и Китая  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2022
Чин: Муноқиша дар Украина набояд ба тиҷорат бо Русия таъсир расонад
Ван Лутунг қайд кард, ки Чин ҳамеша ҷонибдори ҳалли ҳама ихтилофот тавассути гуфтушунид ва машварат мебошад, Пекин аз музокироти Русияву Украина истиқбол мекунад.
Дар баробари ин ӯ гуфт, ки набояд ба тавоноии Чин дар таъсиррасонӣ ба Русия аз ҳад зиёд баҳо дод, набояд фикр кард, ки агар Пекин аз Маскав талаб кунад, ки амалиёти ҷангиро қатъ кунад, вай ба гапи ӯ гӯш медиҳад.
Раисҷумҳури Чин Си Ҷинпин ҳамчунин қайд кард, ки Чин аз муколамаи Аврупо, Русия, Иёлоти Муттаҳида ва НАТО ҷонибдорӣ мекунад ва ҷонибдори ҷустуҷӯи роҳҳои "ҳалли мушкилот ва эҷоди сохтори мутавозин, муассир ва устувори амнияти Аврупо" мебошад.
Лентаи хабарҳо
0