Давандаҳои тоҷик аз миёни 2300 варзишгар дар Тошканд панҷуму шашум шуданд

© Sport.kgВ Бишкеке прошел международный полумарафон
В Бишкеке прошел международный полумарафон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2022
Обуна шудан
Дар ин мусобиқаи байналмилалии СҲШ аз миёни варзишгарони тоҷик беҳтарин натиҷаро бонувон нишон доданд
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Ду давандаи тоҷик дар ниммарафони байналмилалии Созмони Ҳамкории Шанхай ҷойҳои панҷум ва шашумро азхуд намуданд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, мусобиқаи мазкур дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон баргузор шуд ва ҳудуди 2300 варзишгар аз 31 кишвари дунё миёни ҳам рақобат карданд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа чор даванда: Аъзамҷон Давлатов, Меҳрубон Шамсидинов, Зулҳиҷҷа Ғаффорзода, Раҷабмо Абдуллоева муаррифӣ намуданд.
Таджикский дзюдоист Темур Рахимов взял бронзу на Гран-при в Марокко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2022
Ягона медалро ба Тоҷикистон аз "Тоскулоҳи бузурги Анталия-2022" Темур Раҳимов овард
Гуфта мешавад, натиҷаи беҳтарро миёни варзишгарони тоҷик дар ниммарафон бонувон нишон доданд.
"Раҷабмо Абдуллоева бо натиҷаи 1:29:53 панҷум ва Зулҳиҷҷа Ғафорзода бо натиҷаи 1:31:00 шашум шуданд", - омадааст дар хабари манбаъ.
Маврид ба зикр аст, ки соли гузашта ин марафон дар Душанбе баргузор шуда буд. Он замон миёни бонувон ғолиби ниммарафони СҲШ-2021 Азиза Мирзоакбарова, намояндаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дониста шуд.
Миёни мардҳо бо натиҷаи 1:04:28 Нурсултон Кунешбеков аз Қирғизистон аввалӣ шуд.
Бояд зикр намуд, ки ниммарафони СҲШ бо ташаббуси ин созмон аз соли 2016 баргузор мегардад.
Лентаи хабарҳо
0