Тоҷикистонро 28 варзишгар дар Ӯзбекистон намояндагӣ мекунад

© Sputnik / Амир ИсаевСоревнования по дзюдо в Таджикистане
Соревнования по дзюдо в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
Обуна шудан
Аз Тоҷикистон нуҳ ҷудокори наврас ва 19 ҷавон дар Ҷоми ҷудои Осиё миёни наврасон ва ҷавонон иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Рӯзи панҷуми апрел дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон мусобиқаи "Tashkent Asian Cadet Cup & Tashkent Asian Junior Cup 2022" оғоз ёфт.
Ба гузориши Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, ба ин мусобиқа ҷамъан 28 варзишгари тоҷик сафарбар шудаанд.
Гуфта мешавад, мусобиқа миёни наврасон 5-6 апрел баргузор мешавад ва нуҳ навраси тоҷик бо ҳарифони худ мубориза мебаранд.
Таджикский дзюдоист Темур Рахимов взял бронзу на Гран-при в Марокко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2022
Ягона медалро ба Тоҷикистон аз "Тоскулоҳи бузурги Анталия-2022" Темур Раҳимов овард
Ҳамчунин аз 7 то 8 апрел сабқати миёни ҷавонон сурат мегирад, ки Тоҷикистонро дар ин давр 19 варзишгар намояндагӣ мекунанд.
Дар мусобиқаи Ҷоми ҷудои Осиё 312 варзишгари наврас аз 4 кишвари қора иштирок мекунанд, ки 233 нафари онҳо мард буда, 33 тани дигар бонувон мебошанд.
Илова бар ин дар мусобиқа ҷамъан 187 ҷудокори ҷавон иштирок мекунанд, ки 128-тои онҳо мард ва 59 нафар ҳам зан мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар мусобиқаи ҷудои "Тоскулоҳи бузурги Анталия-2022" ва ё “Antalya Grand Slam 2022” паҳлавони тоҷик темур Раҳимов медали биринҷӣ ба даст овард.
Ин мусобиқа 1-3 апрел дар шаҳри Анталияи Туркия бо иштироки 525 варзишгар (312 мард, 213 зан) аз 63 давлати дунё баргузор шуд.
Ҷамъан Тоҷикистонро ҳашт варзишгар намояндагӣ карданд, ки танҳо Темур Раҳимов тавонист медал гирад. Комроншоҳи Устопириён ҷои ҳафтумро гирифт.
Лентаи хабарҳо
0