Бо иқтисоди Тоҷикистон чӣ мешавад? Пешгӯии БОР

© Sputnik / Владимир Песня / Гузариш ба медиабонкУдаленная работа трейдера
Удаленная работа трейдера - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2022
Обуна шудан
Таҳлилгарони Бонки Осиёии Рушд дар соли 2023 қисман беҳбуди вазъи иқтисодии Тоҷикистонро пешгӯӣ карданд
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Рушди иқтисодии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба далели паоймадҳои манфӣ коҳиш хоҳад ёфт.
Чунин хулосаро коршиносони Бонки Осиёии Рушд (БОР) ироа кардаанд.
Аммо тибқи гузориши нав, вазъ дар соли 2023 каме барқарор мешавад.
Иқтисоддонҳо қайд мекунанд, ки пас аз эҳёи қавии иқтисод – то 9,2% дар соли 2021 аз 4,5% -и соли 2020 афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ то 2% коҳиш меёбад.
Коршиносон афзоиши сатҳи ММД дар соли 2023 -ро то 3% аз ҳисоби афзоиши саноат ва кумаки шарикони рушд барои дастгирии истеъмолӣ интизоранд.
"Соли ҷорӣ манзара ба далели номуайянии геополитикӣ норӯшан аст. Таъсири нооромиҳо ба иқтисоди Тоҷикистон бояд пурра мушоҳидаву арзёбӣ шавад ва БОР метавонад пешгӯиҳои худро бо тавсеаи вазъ таҷдид кунад", - гуфт Родора Консепсион, иҷрокунандаи вазифаи мудири Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон.
Орешки и сухофрукты на рынке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2022
Тоҷикистон хостори афзоиши содироти маҳсулот ба Русия шуд
Афзоиши минбаъдаи таваррум низ дар назар аст. Агар дар соли 2021 он 8 фоиз бошад, пас дар соли 2022 метавонад ба 15 фоиз расад.
Ин таваррум бинобар болоравии қимати маводи сӯхт ва маҳсулоти ғизоии воридотӣ, ҳамчунин фишор болои сомонӣ бар асари поин рафтани якбораи қурби рубли русӣ ба вуҷуд хоҳад омад.
Дар соли 2023 ба далели поин рафтани нархи ғизо ва сӯзишворӣ дар ҷаҳон таваррум то 10% коҳиш хоҳад ёфт.
Бахши сӯзишворӣ-энергетикии Тоҷикистон сармоягузории бузургро интизор аст
Таҳлилгарон таъкид мекунанд, ки барои суботи макроиқтисодӣ нигоҳ доштани сатҳи қобили қабули қарзи давлатӣ зарур аст.
Ба ин тартиб тавсия дода мешавад, ки гирифтани қарзи берунии беимтиёз манъ, самаранокии корхонаҳои зараровари давлатӣ афзоиш дода шавад ва имтиёзҳои молиётӣ тадриҷан бекор гардад.
Лентаи хабарҳо
0