Пешгӯии коршиносони БОР дар бораи коҳиши интиқоли пули муҳоҷирон ба Тоҷикистон

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузаштан ба хазинаи аксМигранты на строительном объекте. Архивное фото
Мигранты на строительном объекте. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Иқтисоддонҳои Бонки Осиёии Рушд беқурбшавии рублро интизоранд, ки ин метавонад боиси кам шудани ҳаҷми интиқоли пул бо доллар гардад
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони кории тоҷик ба ҳисоби доллар 50% коҳиш хоҳад ёфт. Чунин пешгӯиро таҳлилгарони Бонки Осиёии Рушд барои соли 2022 баён кардаанд.
Муаллифони "Тадқиқоти рушди Осиё-2022" хулосаи худро бо таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Русия асоснок мекунанд, ки ин дар навбати худ боиси коҳиши бозори шуғл хоҳад шуд.
Ба бовари онҳо, ин муҳоҷири кориро маҷбур мекунад, ки ба Ватан баргарданд.
Иқтисоддонҳои Бонки Осиёии Рушд низ беқурбшавии рублро интизоранд, ки метавонад боиси коҳиши ҳаҷми интиқоли пул бо арзи доллар шавад.
"Дар сурати барқарор шудани талабот ба меҳнати муҳоҷир, интиқоли пул метавонад дар соли 2023 10% барқарор шавад", - мегӯянд коршиносон.
Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти Бонки марказии Русия, ҳаҷми интиқоли пулии афроди воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон аз тариқи низоми пардохт дар соли гузашта 1 миллиарду 790 миллион долларро ташкил додааст.
Тавре аз Агентии омори ҷумҳурӣ хабар доданд, муҳоҷирони меҳнатӣ ба Тоҷикистон маблағи муодили 90%-и касри савдои хориҷии кишварро интиқол додаанд.
Дар ҳамин ҳол дар Русия аз аввали сол ба шаҳрвандони хориҷӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ду баробар бештар патент додаанд.
Удаленная работа трейдера - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2022
Бо иқтисоди Тоҷикистон чӣ мешавад? Пешгӯии БОР
Ҳамин тариқ дар маҷмуъ соли ҷорӣ аллакай 271 573 патент дода шудааст, ки ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли 2021 ба 112 329 баробар буд.
Илова бар ин теъдоди муҷаввизҳои кор дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ низ тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст.
Абдулло Давлатов, ходими ҷамъиятӣ ва раиси собиқи Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, муҳоҷирони тоҷик аз Русия рафтанӣ нестанд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар робита ба таҳримҳои Ғарб мақомоти Русия талош доранд, ба соҳибкорони маҳаллӣ кумак кунанд. Дар натиҷа ҷойҳои нави корӣ пайдо мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0