"Касе шикоят накардааст". Мақомоти Суғд бӯйи ғализ дар шаҳри Хуҷандро ҳис намекунад?

© Sputnik / Стас ЭтвешУлица в городе Худжанд
Улица в городе Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2022
Обуна шудан
Эксклюзив
Сокинони шаҳри Хуҷанд аз "нафасгир" шудан бинобар бӯйи ғализ мегӯянду мақомот изҳор менамоянд, ки касе дар ин бобат ба онҳо шикоят накардааст
ДУШАНБЕ, 8 апр – Sputnik. Бӯйи ғализ дар Хуҷанд дубора доман паҳн мекунад. Сокинони шаҳри Хуҷанд мегӯянд, бо фаро расидани фасли гармо бӯйи ғализ – мушкили куҳна дубора дар маркази маъмурии Суғд ҳукмрон мешавад.
Садриддин Насруллоев, як сокини маҳаллаи 12-и Хуҷанд мегӯяд, чанд рӯз аст, ки бӯйи бад ҳаворо олуда мекунад ва бинобар ин мушкил онҳо дару тиразаҳои хонаро дуруст боз карда наметавонанд.

"Тирезаҳоро ҳавои тоза дарояд гуфта, боз кунем агар, бӯйи ғализ меояд ва хонаро олуда месозад", - иброз намуд сокини маҳаллаи 12-и шаҳр.

Сокинони дигар маҳаллаҳои Хуҷанд низ дар суҳбат вуҷуди ин мушкил дар ин шаҳрро таъйид карданд.
Мирзонаим Усмонов, аз дигар сокинони ин шаҳр мегӯяд дар маҳаллаи 18-и Хуҷанд зиндагӣ мекунад ва шому саҳар бӯйи ғализ ҳавои маҳаллаи онҳоро олуда ва табъро хира месозад.
"Саҳар ба дараҷае бӯйи бад паҳн мешавад, ки нафасгир мешавӣ. Ин проблема чор соли пеш пайдо шуда, то ҳол ҳал нашудааст", – гуфт ин мусоҳиби Sputnik Тоҷикистон.
Город Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2022
"Нафасгир мешавӣ": маълум шуд, бӯи ғализ дар роҳи Хуҷанд – Ғафуров аз куҷо паҳн мешавад
Азаматхӯҷа Воҳидов, сардори идораи санитарию эпидемиологии Хуҷанд мегӯяд, соли ҷорӣ дар бораи рафъи ин мушкил касе ба онҳо муроҷиат накардааст.
Ин масъули идораи беҳдошти Хуҷанд гуфт, соли гузашта таҳқиқи онҳо маълум намуда буд, ки манбаи паҳншавии бӯйи ғализ дар шаҳр аз ҳисоби фаъолияти мурғхонаҳои ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров паҳн мешавад.

"Он замон намояндаи идораҳои беҳдоштӣ ва экологияи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам ҳамроҳи мо буданд. Дар ҷараёни таҳқиқ маълум гардид, ки бӯйи ғализ аз ҳисоби мурғхонаҳои дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгирбуда мебошад”, – зикр кард Воҳидов.

Масъулини идораи беҳдоштии Хуҷанд мегӯянд, дар ҳоли сурат гирифтани муроҷиатҳо дубора ба таҳқиқи ин мавзуъ мепардозанд.
Қаблан рӯзноманигорон зимни дар миён гузоштани ин мушкил ба шаҳрдорӣ Хуҷанд таъкид намуда буданд, ки дар ҳоле кӯчаву ҷодаҳои Хуҷанд бо тарҳи нав чароғон карда мешаванд, ки мушкили паҳншавии бӯйи ғализ чанд вақт ба ин тараф сокинони шаҳрро нигарон кардааст ва ин вазъ дар назди ҳар як меҳмон ва ё сайёҳи хориҷӣ таассуфбор аст.
Шарифзода гуфт, бӯйи ғализ то маркази Хуҷанд мерасад: комиссия ташкил шуд
Фирдавс Шарифзода дар посух ба суоли рӯзноманигорон гуфта буд, гурӯҳи корӣ фермаҳои мурғпарвариеро, ки дар миёни Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгиранд, пурра санҷиш намуда, манбаи паҳншавии бӯйи бадро муайян мекунанд.
Ҳоло бо гузашти наздик ба як сол аз суоли рӯзноманигорону посухи шаҳрдорӣ мушкили бӯйи ғализ дар Хуҷанд дубора рӯ задааст.
Баъзе аз огоҳони ҳол манбаи паҳншавии бӯйи ғализи Хуҷандро ба фаъолияти фермаҳои мурғпарварии дар канори шаҳр мавҷудбуда рабт медиҳанд. Вале бархеи дигар мегӯянд, ин бӯй аз фозилоб (канализация) ба берун паҳн мешавад.
Мушкиле, ки ҳалли он ду сол ба ин тараф масъулони идораҳои давлатии Суғдро оҷиз гузоштааст ва ҳеҷ яке аз ниҳодҳо дуруст намедонад, ки решаи ин мушкил аз куҷо асту чӣ тавр метавон онро хушк кард.
Шояд медонанд, аммо амалан барои ҳалли он кори собите анҷом дода нашудааст, вагарна ҳавои Хуҷанд аз бӯйи ғализ тоза мешуд.
Лентаи хабарҳо
0