Лукашенко: Музокирот дар бораи қазияи Украина бидуни Беларус ғайриимкон аст – видео

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Беларус дар бораи ҷараёни музокироти Русияву Украина изҳори назар кард. Изҳороти сиёсатмадорро дар видео тамошо кунед
Александр Лукашенко дар нишасти густурдаи Шӯрои амнияти Беларус гуфт, ки музокирот дар бораи қазияи Украина бидуни ширкати Беларус ғайриимкон аст.
"Мехоҳам мавқеамро ба шумо баён кунам, ки ба таваҷҷуҳи вазири хориҷа расонида шуд ва барои иҷрои он супориш гирифт. Бидуни ширкати Беларус ҳеҷ музокирот сурат намегирад. Дар сурате ки шумо пои моро ба ин қазия кашидед, ин пеш аз ҳама ба кишварҳои Ғарб рабт дорад, пас дар ин музокираҳо бояд ба мавқеи Беларус таваҷҷуҳ шавад", - гуфт Лукашенко.
Песков: Ҳадаф аз амалиёти низомӣ дар Украина пешгирӣ аз Ҷанги Ҷаҳонии Сеюм аст
Вай тавзеҳ дод, ки вазъият дар Украина ба Беларус низ таъсири ҷиддӣ мерасонад, аз ин рӯ ҳеҷ гуна тавофуқоти ҷудогона, яъне бидуни ширкати Беларус наметавонад вуҷуд дошта бошад.
Лентаи хабарҳо
0