Талош барои роҳхатҳои олимпиадаи Париж-2024: варзишгаронти тоҷик кумаки молӣ мегиранд

© Дафтари матбуотии КМОТВарзишгарони тоҷик барои дарёфти роҳхати Бозиҳои олимпии Париж-2024 кумаки молӣ мегиранд
Варзишгарони тоҷик барои дарёфти роҳхати Бозиҳои олимпии Париж-2024 кумаки молӣ мегиранд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Варзишгарони тоҷик барои дарёфти роҳхати Бозиҳои олимпии Париж-2024 кумаки молӣ мегиранд
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Комиссияи Ҳамбастагии олимпии Кумитаи байналмилалии олимпӣ номзадии 17 варзишгари тоҷикро ҷиҳати бархурдор шудан аз дастгирии молиявии олимпӣ - Париж-2024 тасдиқ кардааст.
Номзадии варзишгаронро бо пешниҳоди федератсияҳои миллии варзишӣ Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2021 тасдиқ ва пешниҳод намуда буд, хабар медиҳад дафтари матбуотии КМОТ.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи Барномаи “Дастгирии молиявии олимпӣ – Париж-2024” ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҳар моҳ малағ дар ҳаҷми 7500 доллар ҷудо мегардад.

"Барнома барои варзишгарон имкон фароҳам меорад, ки ҷиҳати дарёфти роҳхати Бозиҳои олимпии Париж-2024 талош кунанд. Он барои тамрин ва иштирок дар мусобиқаҳои интихобии олимпӣ пешбинӣ шудааст", - афзуд манбаъ.

Кумита мегӯяд, бо варзишгарон созишнома баста шуда, маблағи барнома ба онҳо дар ҳар давраи чормоҳа пардохт мешавад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки агар варзишгар дар муҳлати системаи интихобии олимпӣ натавонад роҳхат гирад ё ҳисоботи молиявию техникиро саривақт пешниҳод накунад, пеш аз муҳлат аз дастгирии молиявӣ маҳрум мегардад, таъкид кардааст кумита.
Ҳамин тариқ 17 нафари зерин аз 6 намуди варзиш аз 1 январи соли 2022 то 31 августи соли 2024 кумаки молӣ дарёфт мекунанд.
Таджикский дзюдоист Темур Рахимов взял бронзу на Гран-при в Марокко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2022
Ягона медалро ба Тоҷикистон аз "Тоскулоҳи бузурги Анталия-2022" Темур Раҳимов овард
Аз намуди ҷудо, Темур Раҳимов, Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода 800-долларӣ, Ҷаҳонгир Маҷидов 400 ва Шоҳида Қаландарова 250-долларӣ мегиранд.
Дар намуди бокс бошад, Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев 800-долларӣ мегиранд. Миҷгона Самадова, Рӯҳафзо Ҳақназарова ва Нилуфар Бобоёрова бошанд, ҳар кадоме 250-долларӣ мегиранд.
Таэквондочиён Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов 300, Мӯниса Ойматова ва Моҳрӯ Ҳалимова 250-долларӣ дарёфт хоҳанд кард.
Куштигирон Фирӯз Мирзораҷабов 400 ва Ватансултон Шакаршоев 250-долларӣ хоҳанд гирифт
Ҳамзамон Шаҳриёр Даминов аз намуди варзиши қаиқронӣ - каноэ 400 ва Екатерина Бардачева аз навъи шиноварӣ 250-долларӣ мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0