Иқтисоддон: Вуруди муҳоҷирон ба Русия то сифр коҳиш ёфт

© Sputnik / Максим БлиновРаботники коммунальных служб
Работники коммунальных служб  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2022
Обуна шудан
Ба гуфтаи як коршинос, пас аз ҷорӣ шудани таҳримҳо алайҳи Русия вуруди муҳоҷирон шадидан коҳиш ёфтааст: хориҷиён аз заиф шудани рубл, имконнопазирии табдили асъор ва хароҷоти зиёд ҳарос доранд
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Вуруди хориҷиён ба Русия дар сатҳи сифр қарор дорад. Чунин андешаро иқтисоддон Денис Ракша дар эфири Хадамоти хабарии ҷамъиятӣ изҳор дошт.

"Мо дақиқ намедонем, ки вуруди муҳоҷирон дар кадом вазъ аст, аммо эҳсос мешавад, ки он то сифр поин рафтааст. Ба назари ман, имкони иқтисодии чунин ҷунбиш аз байн рафтааст", - таъкид кард ӯ.

Коршинос бар ин бовар аст, ки хориҷиён аз коҳиши қурби рубл ва ҳамчунин хароҷоти зиёд метарсанд.
Дар ҳамин ҳол ӯ қайд кард, ки дар ояндаи наздик муҳоҷирон дар ҷойҳои холӣ русҳоро иваз хоҳанд кард.
Қаблан президенти Федератсияи муҳоҷирон Вадим Коженов гуфта буд, ки ин созмон хуруҷи назарраси шаҳрвандони кишварҳои дигар аз Русияро мушоҳида намекунад.
Вай таъкид кард, ки ба далели қимати чиптаҳои ҳавопаймо рафтани хориҷиён аз Русия фоидаовар нест.
Строители на стройке нового дома  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2022
Ҳуснуллин: Сохтмонҳо дар Русия камбуди муҳоҷиронро эҳсос карданд
Ба гуфтаи Коженов, ҳазор нафаре, ки пас аз ҷорӣ шудани таҳримҳо рафтанд, "ҳеҷ чиз" аст.
Инчунин ин ниҳод бекор мондани оммавии муҳоҷиронро мушоҳида накардааст. Ҳоло дар Русия ҷойҳои холӣ мавҷуданд ва корфармоён дар баъзе ноҳияҳо аз нарасидани кадрҳо мегӯянд.
Асилбек Эгембердиев, коршиноси умури муҳоҷират гуфт, воқеан ҳам, бисёре аз хориҷиён ҷои кори худро аз даст додаанд.
Поставнин: Оё русҳо шуғли муҳоҷирони тоҷикро хоҳанд гирифт?
Аммо онҳо барои баргаштан ба Ватан шитоб накарда, соҳаи фаъолияташонро дигар карданд ва ё аз Маскав ба дигар шаҳрҳои Русия кӯчидаанд.
Мушкилоти интиқоли пул, ба гуфтаи Эгембердиев, низ фоҷиабор нест.
Аз Русия ба кишварҳои дигар шумо метавонед ба ҳисоби миёна 30-35 ҳазор рубл фиристед.
Пешгӯии коршиносони БОР дар бораи коҳиши интиқоли пули муҳоҷирон ба Тоҷикистон
Дар навбати худ муовини сарвазири Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллин тасдиқ кард, ки таҳримҳо воқеан ба хуруҷи муҳоҷирон таъсир расонидааст. Инро дар сохтмонҳои Русия дидан мумкин аст.
Муовини нахуствазир афзуд, вазъ бо тақвияти қурби рубл ба эътидол омад.
Лентаи хабарҳо
0