Толибҳо: Ҳукумати мо зарурати омӯзиш барои занонро дарк мекунад

© REUTERS \ Zohra BensemraУченицы начальной школы Кабула во время урока
Ученицы начальной школы Кабула во время урока - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2022
Обуна шудан
Сарпарасти Вазорати маорифи ҳукумати муваққати толибон дубора ваъда додааст, ки макотиби духтарона базудӣ боз хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Мавлавӣ Нуруллоҳ Мунир, сарпарасти Вазорати маорифи толибон гуфтааст, ки ин гурӯҳ барои боз кардани мактабҳои духтарона дар саросари кишвар таҳти фишор қарор гирифтааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Мунир дар изҳороти ахири худ афзуд, толибон зарурати таҳсил барои мардон ва занонро дарк мекунанд.
Ӯ ба расонаҳо гуфтааст, ки макотиби духтарона базудӣ боз хоҳанд шуд.
Зиёда аз 7 моҳ мешавад, ки дар Афғонистон мактабҳои духтарона барои духтарони донишомӯз баста шудаанд.
Мазари-Шариф под контролем запрещенного в РФ Талибана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2022
Вазорати хориҷаи толибон: Сафорати Афғонистон дар Маскав ба дипломатҳои мо супорид шуд
Намояндаи ҳукумати толибон ваъда дода буданд, ки дар аввали соли нави хониш макотиб боз мешаванд, аммо дар ибтидои соли хониш бори дигар фармон содир шуд, дари мактабҳоро ба рӯи духтарон, ки дар синфҳои болоӣ таҳсил мекунанд, баста шавад.
Ин иқдоми толибон дар кишварҳои мухталифи дунё вокунишҳои зиёдеро алайҳи ин гурӯҳ ба бор овард.
Дабири кулли СММ дар як ҷаласаи вижа дар масъалаи таҳсили духтарон дар Афғонистон изҳори назар кард ва гуфт, макотиб ба рӯи духтарон дар ин кишвар ҳарчи зуд боз карда шавад. Намояндагони гурӯҳи толибон борҳост, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ барои боз кардани макотиби духтарона ваъда медиҳанд, аммо амале дар ин хусус анҷом намедиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0