Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Сарбозон, занон ва захмиён: киҳо дар Мариупол таслим шуданд?

© Sputnik / Илья Питалев / Гузаштан ба хазинаи аксВоеннопленным ВСУ оказывают помощь в Новоазовской ЦРБ
Военнопленным ВСУ оказывают помощь в Новоазовской ЦРБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Департаменти низомии Русия маълумот дар бораи шумораи рекордии низомиёни украиниро, ки силоҳ ба замин гузоштаанд, тасдиқ кард
ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Дар Мариупол беш аз ҳазор нафар аз таковарони дарёии нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба артиши Русия таслим шуд.
Ин хабарро намояндаи расмии Вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков тасдиқ кард.
Ба гуфти ӯ, ҳамаи онҳо муҳофизони боқимондаи комбинати металлургии ба номи Илич мебошанд.

"Дар натиҷаи амалиёти муваффақи ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва воҳидҳои милитсияи Донетск 1026 нафар аз низомиёни украинии Бригадаи 36-уми баҳрӣ ихтиёран силоҳҳои худро ба замин гузошта, таслим шуд", - гуфт генерал-майор.

Гуфта мешавад, ки 126 нафари онҳо афсаранд ва 47 нафари дигарро занони низомӣ ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин, ба 151 захмӣ дар ҷои ҳодиса ёрии аввалия расонида шуда, пас аз он ба бемористони маҳаллӣ фиристода шуданд.
Ёдовар мешавем, рӯзи 7 март муовини фармондеҳи баталйони "Восток" Александр Семёнов гуфта буд, ки Мариупол муҳосира шуда, поксозии манотиқи муайяни шаҳр шуруъ шудааст.
Президент РФ В. Путин провел совещание по развитию агропромышленного и рыбохозяйственного комплексов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин: Амалиёти вижа дар Украина қадами дуруст аст
Дар миёни воҳидҳои дигари украинӣ дар ин русто полки миллатгароёни "Азов" низ ҳаст, ки дар Русия ифротгаро эътироф шудааст ва алайҳи ҷангиёни онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Бино ба иттилои милисаи мардумии Донетск, дар корхонаи “Азовстал” то 3,5 ҳазор ҷангҷӯ ҷойгир аст.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардои Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Путин воқеаҳоеро, ки дар Украина рух медиҳад, фоҷиа номид
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайн тамос гирифтанд. Ба тарафҳо муяссар гардид, ки бар рӯи баъзе масъалаҳо созиш кунанд.
Лентаи хабарҳо
0