Дар Эстония эътироф карданд, ки таҳримҳо алайҳи Русия ҳеҷ таъсире надоштаанд

© Sputnik / Виталий БелоусовФлаг на здании посольства Эстонии в Москве
Флаг на здании посольства Эстонии в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазири дифои Эстония иқрор шуд, ки таҳримҳои зидди Русия то ҳол таъсир нагузоштаанд ва бояд онҳо пурзӯр карда шавад
ДУШАНБЕ, 16 апрел - Sputnik. Вазири дифои Эстония Калле Лаанет гуфт, таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Русия то ҳол натиҷае надодаанд.
"Барои эътибор пайдо кардани таҳримҳо вақт лозим аст. То ҳол танҳо як муддати нисбатан кӯтоҳ гузашт, аз ин рӯ мо то ҳол пайомадҳои матлубро намебинем. Аммо мо ҳоло ҳам имкон дорем, ки таҳримҳоро боз ҳам бештар пурзӯр кунем, масалан, нафту газро бойкот кунем", - гуфт вазир дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Handelsblatt".
Ин мақомдори эстонӣ дар ҳоле пешниҳоди бойкоти манобеи энержеии Русияро мекунад, ки Ғарб аз он бастагии бесобиқа дорад.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин низ ахиран эълон кард, Аврупо эътироф кард, ки бидуни нафту гази Русия наметавонад.
Ҳамчунин ӯ гуфт, барои ин иқдом Ғарбро на камтар аз панҷ ё даҳ сол лозим аст, аммо он низ дар пай гарониҳо барои сокинон хоҳад дошт.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Ежегодная пресс-конференция президента России Владимира Путина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2022
Путин нақшаи вокуниши қатъии Русия ба таҳримҳои Ғарбро ошкор кард
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Путин воқеаҳоеро, ки дар Украина рух медиҳад, фоҷиа номид
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд. Ба тарафҳо муяссар гардид, ки бар рӯи баъзе масъалаҳо созиш кунанд.
Лентаи хабарҳо
0