Ба тоҷирон гуфтанд, ки дар Тоҷикистон дар куҷо сармоягузорӣ кардан фоиданок аст

Деньги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Тоҷикистон 20 созишномаи сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 1,5 миллиард доллар амал мекунад: Русия шарики асосии молиявии кишвар боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон самтҳои сармоягузории дурахшон ном бурда шуданд.
Сармоягузорони кишвар бо шарикони рус мизи мудаввар баргузор карданд, ки дар он зиёда аз 30 нафар иштирок доштанд.
Дар чорабинӣ намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков, мушовир-фиристодаи сафорати Русия дар ҷумҳурӣ Шамил Шамсутдинов ва бисёре аз дигарон ҳузур доштанд.
Нефтеперерабатывающий завод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2022
Тоҷикистон Умонро барои сармоягузорӣ ба корхонаи коркади нафти "ТК ойл" даъват кард
Мавзуи асосии мизи мудаввар тағйири шароити тиҷорат буд. Ба ин тартиб дар Тоҷикистон ислоҳот дар бахши хидматрасонии давлатӣ ба сармоягузорон ва такмили қонунгузории андоз ҷараён дорад.
Ба гуфтаи соҳибкорон, ҳоло аз ҳама даромадноктарин сармоягузориҳо маҷмаи агросаноатӣ (аз ҷумла, истеҳсоли орд), саноати сабук, хадамоти пулакии тиббию таълимӣ, сохтмони марказҳои логистикӣ ва нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ мебошанд.
Коренков зимни суханронии худ муҳимияти фароҳам овардани шароити пешбинишаванда барои ҷалби соҳибкорон ба Тоҷикистонро қайд кард.

"Вуруд ба пружаҳои муштараку муҳим ва ҷадид бояд бо густариши ҳамкориҳои байнибонкӣ, фурсати истифодаи комил аз механизми дастгирии содирот ва сармоягузории кишварҳоямон эҷод шавад", - таъкид дошт ӯ.

Русия шарики асосии сармоягузории Тоҷикистон аст. Ҷумҳурӣ инчунин бо Чин, Узбекистон, Туркия ва дигар кишварҳо лоиҳаҳои бузурги муштарак дорад.
Имрӯз дар Тоҷикистон 20 созишномаи сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 1,5 миллиард доллар амал мекунад.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 январи соли 2022 дар Тоҷикистон таҳрири нави Кодекси андоз мавриди амал қарор гирифт. Ҳоло дар кишвар ҳамагӣ 7 намуди андоз ситонида мешавад ва меъёри андоз аз арзиши иловашуда аз 18% ба 15% поин оварда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0