Маълум шуд, ки дар Тоҷикистон чӣ қадар собиқадорони ҶБВ аст

© Sputnik / Евгения Новоженина / Гузаштан ба хазинаи аксГеоргиевская ленточка, архивное фото
Георгиевская ленточка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Тоҷикистон 59 сарбози Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 боқӣ мондааст, ки имсол аз 77-солагии ғалаба бар фашизм таҷлил мекунанд
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон имсол ҷашни Рӯзи ғалабаро 59 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 пешвоз хоҳанд гирифт, ки 39 тан нисбат ба як соли қабл кам мебошад.
Тибқи иттилои котиби масъули Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон Элмурод Турсунов, ин маълумот дар бораи теъдоди боқимондаи собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ то 12 апрел аст, хабар медиҳад хабаргузории "Авеста".
Ба иттилои манбаъ, дар шаҳри Душанбе 9 нафар, дар вилояти Суғд 19 нафар, дар вилояти Хатлон 18 нафар, Турсунзода 2 нафар, Рӯдакӣ 1 нафар, Шаҳринав 3 нафар, Ҳисор 3 нафар, Варзоб 2 нафар, Файзобод 1 нафар ва дар Сангвор 1 нафар ба сар мебаранд.
Саҳми тоҷикон дар дифоъ аз Маскав дар ҶБВ
Бузургсолтарини онҳо Рашид Каримов аст, ки 9 майи соли 1912 таваллуд шудааст. Ӯ ҳоло 109 сол дошта, дар шаҳри Ҳисор зиндагӣ мекунад.
"Ҷавонтарин" собиқадорони ҶБВ Салом Сафаров, аз ноҳияи Варзоб ва Раҷаб Қурбонов, аз ноҳияи Сангвор 96-сола шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки соли гузашта, дар моҳи апрел дар Тоҷикистон 98 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ сабти ном шуда буд.
Режаи низомии 9 май дар майдони Сурх баргузор мешавад
Тибқи додаҳои бойгонии Ҳизб коммунисти Тоҷикистон, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 – 1945) ҳудуди 300 ҳазор сарбозу афсари кишвар ва ҳамчунин 45 ҳазор коргари ақибгоҳ ширкат кардаанд.
Аз ин теъдод беш аз 100 ҳазор нафар ба хона барнагаштанд. Беш аз 56 ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистон бо нишону медалҳои ҷангӣ қадрдонӣ шудаанд. Ба 55 тан аз онҳо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шудааст.
Лентаи хабарҳо
0