Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сомониро дар куҷо масраф кардааст?

© Sputnik Таджикские сомони в кошельке
Таджикские сомони в кошельке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Тоҷикистон ҷамъбасти семоҳаи аввали соли 2022 идома дорад: ниҳодҳои давлатӣ шарҳ медиҳанд, ки маблағи ҳангуфт ба куҷо ҳазина шудааст
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Дар семоҳаи аввали соли 2022 Тоҷикистон барои парвариши моҳипарварӣ беш аз 1 миллион сомонӣ (беш аз 95 ҳазор доллар) сармоягузорӣ кардааст. Дар ин бора аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Маболиғи болозикр барои парвариши моҳӣ ва гузаронидани тадқиқот дар ин соҳа ҳазина шудааст.
Аз аввали соли 2022 дар кишвар зиёда аз 700 тонна моҳӣ истеҳсол карда шуд, ки беш аз 15 миллион сомониро (1,2 миллион доллар) ташкил додааст.
Дар Тоҷикистон аслан зағорамоҳӣ, капурҳои нуқрагӣ ва гулмоҳӣ парвариш мешавад.
Ҳоло 1 кг моҳиро дар бозорҳои ҷумҳурӣ бо қимати 40-50 сомонӣ (каме бештар аз 3 доллар) харидан мумкин аст.
Чӣ арзону чӣ гарон шуд: шарҳи расмии Ожонси омор
Нархи гулмоҳӣ гаронтар аст. Барои як кило моҳии сурх бояд 70 сомонӣ (беш аз 5 доллар) пардохт кард.
Тоҷикистон ба туфайли тадбирҳои самарабахш ва саривақтӣ дар соҳаи моҳипарварӣ натиҷаҳои хуб ба даст меорад.
Яке аз онҳо муваққатан манъ кардани моҳигирӣ мебошад, ки ҳар сол дар манотиқи кишвар ҷорӣ мешавад.
Масалан, дар вилояти Суғд маҳдудият аз аввали моҳи апрел ба иҷро даромад. Ин ба муҳофизати моҳӣ, ба вуҷуд овардани шароит барои истеҳсолкунии такрории он ва зиёд шудани миқдори маҳсулот кумак мекунад.
Моҳидорӣ дар Суғд то 1 июн мамнуъ шуд
Ҳанӯз маълум нест, ки барои вайронкунандагони ин талабот чӣ миқдор ҷаримае ҷорӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, Тоҷикистон ба шарофати дарёҳои Вахш, Сирдарё, Варзоб, Кофарниҳон ва Панҷ, ки дар онҳо миқдори зиёди навъҳои моҳӣ мавҷуд аст, иқтидори бузурги моҳипарварӣ дорад.
Лентаи хабарҳо
0