Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Нерӯҳои вижа ба "Азовстал" -и Мариупол ҳуҷум карданд

© Sputnik / Илья Питалев / Гузаштан ба хазинаи аксДым над заводом "Азовсталь" в Мариуполе
Дым над заводом Азовсталь в Мариуполе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Намояндаи милисаи мардумии Ҷумҳурии мардумии Донетск Басурин аз оғози ҳамла ба "Азовстал" дар Мариупол аз ҷониби гурӯҳҳои махсус хабар дод
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Намояндаи милитсияи мардумии Ҷумҳурии мардумии Донетск Эдуард Басурин дар эфири шабакаи телевизионии "Россия 24" гуфт, ки тибқи маълумоти ӯ, ҳамла ба "Азовстал" оғоз шудааст.

"То ҷое ки ман медонам, як қисми гурӯҳҳои ҳамлаваре, ки махсус барои ҳамла ба ин объект интихоб шуда буданд, аллакай ба кор шуруъ кардаанд", - гуфт ӯ.

Илова бар ин намояндаи милисаи мардумӣ иддаоҳоро дар бораи ҳузури шаҳрвандони осоишта дар ҳудуди ин корхона рад кард.
Ба гуфтаи Басурин, низомиёни украинӣ барои ба таъхир андохтани оғози ҳамла аз ҳар гуна иттилооти қалбакӣ истифода хоҳанд кард.
Воҳидҳои Русия ва нерӯҳои ҶМД рӯзи 7 март Мариуполро муҳосира карданд ва аз он вақт то ҳол шаҳр аз нозиҳо тоза мешавад.
Президент РФ В. Путин провел совещание по развитию агропромышленного и рыбохозяйственного комплексов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин воқеаҳоеро, ки дар Украина рух медиҳад, фоҷиа номид
Тақрибан кулли шаҳр таҳти назорат гирифта шудааст, задухӯрдҳо дар минтақаи корхонаи “Азовстал” идома дорад – дар он ҷо боқимондаҳои полки миллатгароёни "Азов" пинҳон шудаанд, ки алайҳи ҷангиёни онҳо дар Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Вазорати дифоъ ба ҷангҷӯёне, ки муҳосира шудаанд, пешниҳод кардааст, ки ихтиёран силоҳ ба замин гузоранд, аммо онҳо рад карданд.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои тактикаи террористии ҚМУ дар Русия на танҳо Киев масъул хоҳад буд
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Лентаи хабарҳо
0