Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Пешниҳоди Русия барои таслими ҷангиён дар "Азовстал"

© Sputnik / Илья ПиталевМеталлургический комбинат "Азовсталь" в Мариуполе
Металлургический комбинат Азовсталь в Мариуполе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати мудофиаи Русия дигарбора ба ҷангиёни муҳосирашуда дар Мариупол пешниҳод кард, ки ихтиёран таслим шаванд ва тартиби онро тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Ба ҷангҷӯёни украинӣ ва зархаридони хориҷӣ, ки дар ҳудуди корхонаи "Азовстал"-и шаҳри Мариупол қарор доранд, пешниҳод шуд, ки то нисфирӯзии вақти Маскав таслим шаванд.
Дар ин бора сардори Ситоди байниидоравии Русия дар масоили гуманитарӣ, генерал-полковник Михаил Мизинтсев хабар дод.
Ба гуфтаи вай, далели пешниҳоди чунин созиш вазъияти фалокатборе мебошад, ки дар корхона ба вуҷуд омадааст.
"Қувваҳои мусаллаҳи Русия бори дигар ба ҷангиёни воҳидҳои миллатгаро ва зархаридони хориҷӣ пешниҳод карданд, ки аз соати 12:00 -и 19 апрели соли 2022 бо вақти Маскав ҳама гуна амалиёти ҷангиро қатъ кунанд ва силоҳҳояшонро ба замин гузоранд", - гуфт ӯ.
Мизинтсев инчунин шеваи таслимшавиро тавзеҳ дод, ки бар асоси он, аз соати 13:00 ба вақти Маскав барои табодули иттилоот миёни Русия ва Украина иртибот барқарор мешавад ва пас аз ним соат дар тамоми корхона низоми хомӯшӣ оғоз мешавад.
Брифинг И. Конашенкова после начала специальной военной операции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Барои пулу куштор омаданд: генерали рус гуфт, ҷангиёни хориҷиро дар Украина чӣ интизор аст
"Оғози воқеии режими оташбас аз ҷониби ҳар ду тараф бо баланд шудани парчами сурх аз ҷониби Русия ва сафед аз ҷониби Украина дар ҳудуди "Азовстал" нишон дода мешавад", - гуфт генерал-полковник.
Пас аз тасдиқи омодагӣ ба ҷорӣ кардани низоми хомӯшӣ тамоми воҳидҳои Украина ҳамроҳ бо зархаридони хориҷӣ бояд бидуни силоҳу муҳимот берун шаванд.
Вазорати дифои Русия мегӯяд, тамоми раванд ду соат - аз 14:00 то 16:00 ба вақти Маскавро дар бар мегирад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан низ Вазорати мудофиаи Русия ба ҷангҷӯёне, ки дар корхонаи "Азовстал" мавқеъ гирифтаанд, пешниҳоди кард, таслим шаванд, аммо онҳо аз он ҷо берун нашуданд.
Маврид ба зикр аст, ки воҳидҳои Русия ва нерӯҳои Донбасс рӯзи 7 март Мариуполро муҳосира карданд ва аз он вақт то ҳол шаҳр аз нерӯҳои украинӣ тоза карда мешавад.
Феълан тақрибан кулли шаҳр таҳти назорат гирифта шуда, задухӯрдҳо дар минтақаи корхонаи “Азовстал” идома доранд. Дар он ҷо боқимондаҳои полки миллатгароёни "Азов" пинҳон шудаанд, ки алайҳи ҷангиёни онҳо дар Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Лентаи хабарҳо
0