Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Шойгу: ИМА ният дорад, то охирин украинӣ ҷанг кунад

© AP / Evgeniy MaloletkaУкраинский военнослужащий на борту корабля береговой охраны в порту Мариуполя
Украинский военнослужащий на борту корабля береговой охраны в порту Мариуполя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазири мудофиаи Русия изҳор дошт, Амрико ва НАТО коре мекунанд, ки амалиёти вижаи Русия дар Украина тамдид шавад. Ӯ мегӯяд, ИМА "то охирин украинӣ" ҷанг мекунад
ДУШАНБЕ, 19 апр – Sputnik. Вашингтон ва кишварҳои ғарбие, ки таҳти контроли он қарор доранд, коре мекунанд, то амалиёти махсуси Қувваҳои мусаллаҳи Русия ба таъхир афтад, изҳор дошт Сергей Шойгу, вазири мудофиа дар ҳайати мушовараи Департаменти ҳарбӣ.
Ба таъкиди ӯ, ИМА ният дорад, "то охирин украинӣ" ҷанг кунад.
"Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои таҳти контроли Ғарб ҳама корҳоро мекунанд, то амалиёти вижаи низомиро то ҳадди имкон ба таъхир гузоранд. Ҳаҷми афзояндаи интиқоли силоҳи хориҷӣ барои таҳрик додани режими Киев мебошад, ки то 2 охирин украинӣ биҷангад", - афзуд Шойгу.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, иқдомоти нерӯҳои Русия ва сифати силоҳҳои истифодашуда бори дигар дурустии авлавиятҳои бунёдии нерӯҳои мусаллаҳи Русияро, ки раҳбарияти низомиву сиёсии кишвар муайян кардааст, нишон медиҳад.
Металлургический комбинат Азовсталь в Мариуполе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Пешниҳоди Русия барои таслими ҷангиён дар "Азовстал"
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Лентаи хабарҳо
0