Тағйири суроғаҳо: ҳукумати Душанбе ҳам кӯчид

© сомонаи ҳукумати ДушанбеДафтари нави кории ҳукумати шаҳри Душанбе дар суроғаи хиёбони Рӯдакӣ - 40
Дафтари нави кории ҳукумати шаҳри Душанбе дар суроғаи хиёбони Рӯдакӣ - 40  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2022
Обуна шудан
Ҳукумати Душанбе, ки то ҳол дар бинои собиқи Дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон фаъолият мекард, бо нашри як эълон аз кӯчиданаш ба макони нав хабар дод
ДУШАНБЕ, 19 апр – Sputnik. Дафтари кории ҳукумати Душанбе аз бинои воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 80 ба бинои Рӯдакӣ 40 кӯчонда шуд.
Дар бора шаҳрдории Душанбе бо нашри як иттилоия хабар дод.
"Ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт расонида мешавад, ки кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки то ин муддат дар хиёбони Рӯдакӣ 80 фаъолият доштанд, аз ин ба баъд фаъолияти кории худро дар хиёбони Рӯдакӣ 40 идома медиҳанд", - омадааст дар эълон.
Таъкид шудааст, ки сокинон ва меҳмонони пойтахт имкон доранд, барои баррасии мушкилот ва дигар талаботи шаҳрдорӣ ба суроғаи нав муроҷиат кунанд. Маврид ба зикр аст, ки қаблан шаҳрдории Душанбе баъди тахриби бинояш ба Кохи раисҷумҳури Тоҷикистон дар хиёбони Рӯдакӣ 80 ҷой дода шуда буд ва тайи солҳои охир дар ин макон фаъолият мекард.
Дар макони нави шаҳрдорӣ, дар бинои воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 40 қаблан якчанд ниҳоди давлатӣ, аз ҷумла Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон фаъолият мекард.
Проект нового здания парламента РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2022
Сохтмони биноҳои нави парлумон ва ҳукумат дар Душанбе соли 2023 анҷом меёбад
Феълан кормандони Маркази тадқиқоти стратегӣ ба бинои собиқи Иттифоқи рассомон, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 89 кӯчиданд.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон низ, ки дар хиёбони Рӯдакӣ 40 дафтар дошт, ҳоло дар бинои Маҷлиси олии Тоҷикистон дар хиёбони Рӯдакӣ 42 ҷой гирифтаст.
Агентии миллии итиилоотии Тоҷикистон "Ховар" ҳам аз Рӯдакӣ 40 ба бинои корхонаи табъу нашри "Шарқи озод", воқеъ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ 16 гузашт.
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон ҳоло дар бинои собиқи Сарраёсати хазинадории Вазорати молияи ҷумҳурӣ дар кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо 3 фаъолият мекунад.
Муассисаи давлатии "Маркази исломшиносӣ" ҳам аз Рӯдакӣ 40 ба бинои Шӯрои уламои Тоҷикистон дар кӯчаи Шодмонӣ 58 кӯчидааст.
Лентаи хабарҳо
0