Русия муҳлати иқомат барои шаҳрвандони Ӯзбекистонро тамдид кард

© Sputnik / Максим Блинов / Гузаштан ба хазинаи аксОткрытие миграционного центра
Открытие миграционного центра - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Тартиби нав ба шаҳрвандони Ӯзбекистон имкон медиҳад, ки ба муҳлати муайян бидуни сабти ном дар қаламрави кишвари дигар бимонанд
ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik. Дар як нишаст дар Думаи давлатӣ созишномаи Русия ва Ӯзбекистон дар бораи сабти иқомати шаҳрвандони дувумӣ дар тӯли 15 рӯз аз рӯзи вуруд ба кишвари аввалиро тасвиб кард.
Ин ҳуҷҷат 21 майи соли 2021 дар Маскав ва 17 июни соли 2021 дар Тошканд ба имзо расида буд.
"Шаҳрвандони як давлати дигар, ки муваққатан дар қаламрави давлати дигар иқомат доранд, аз уҳдадории ба қайд гирифтан дар мақомоти салоҳиятдори давлати пазиранда дар давоми 15 рӯз аз рӯзи ворид шуданашон озод карда мешаванд", - омадааст дар ин ҳуҷҷат.
Қаблан ин муҳлат барои муҳоҷирон аз Ӯзбекистон дар Русия ҳафт рӯз ва дар Ӯзбекистон барои русиягиҳо се рӯз буд.
Посадка на вывозной поезд из Ростова-на-Дону в Узбекистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2022
Манъи вуруди беш аз 50 ҳазор муҳоҷир ба Русия
Тартиби вуруди шабеҳ ба ин дар ҳоли ҳозир барои шаҳрвандони як қатор кишварҳо амал мекунад.
Ба рӯйхати чунин давлатҳо Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Арманистон ва Қирғизистон дохил мешаванд.
Ба гуфтаи муаллифони ин ташаббус, ҷорӣ шудани қоидаҳои нав барои муҳоҷирон ба теъдоди вуруди шаҳрвандони Ӯзбекистон ба қаламрави Русия таъсир намерасонад.
Дар тавзеҳи созишнома ҳамчунин гуфта мешавад, ки тасвиби ин санад назорати давлатии федералӣ дар заминаи муҳоҷират, иқомат ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Русияро коҳиш нахоҳад дод.
Миёни муҳоҷирон дар Русия як тамоюли нав мушоҳида шуд
Дар он ҳамчунин гуфта мешавад, ки чунин иқдом ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаи Русия ва Ӯзбекистон мусоидат мекунад.
Лентаи хабарҳо
0