Дар Мариупол рӯзи 9 май раҳпаймоии “Полки ҷовидонӣ” баргузор мешавад

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкУчастники акции "Бессмертный полк" в Москве
Участники акции Бессмертный полк в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2022
Обуна шудан
Чорабинии асосиро, ки дар Рӯзи ғалаба дар Русия ва баъзе кишварҳои хориҷӣ баргузор мешавад, бо дастгирии ҳукуматдорони ҶМД дар Мариупол гузарондан мехоҳанд
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Дар Рӯзи ғалаба дар шаҳр раҳпаймоии оммавӣ ба нақша гирифта шудааст, гуфт муовини раиси Мариупол аз ҶМД Виктория Калачева.
Вай қайд кард, ки "мариуполиҳо ин ҳодисаро бесаброна интизоранд".
"Албатта, доир мешавад", - посух дод Калачева ба саволи оид ба раҳпаймоии "Полки ҷовидонӣ"-и 9 май.
Ба гуфтаи муовини раиси шаҳр, “Полки ҷовидонӣ”, “муҳимтарин ва ватандӯститарин чорабинии имсола дар рӯзи 9 май баргузор мешавад”.
Қаблан ҳамраиси ситоди марказии ташкилӣ Сергей Макаров гуфта буд, ки иқдоми “Полки ҷовидонӣ” дар соли 2022 дар Русия бошукуҳ баргузор мешавад.
Бар асари пандемияи коронавирус чорабинии гиромидошт дар Русия қаблан танҳо аз тариқи онлайнӣ баргузор мешуд, аммо пас аз лағви маҳдудиятҳо дар ин кишвар роҳпаймоӣ дубора ба сурати ҳузурӣ гузаронида мешавад.
Георгиевская ленточка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2022
Маълум шуд, ки дар Тоҷикистон чӣ қадар собиқадорони ҶБВ аст
Қайд карда мешавад, ки акнун рӯзи 9 май мардум дубора имкон пайдо мекунанд, ки муттаҳид шуда, бо аксҳои хешу табор ва дӯстон сайругашт кунанд.
Кишвар онҳоеро, ки дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ғалаба ба даст овардаанд, қадр мекунад.
Ёдовар мешавем, ки "Полки ҷовидонӣ" соли 2011 дар Сибир пайдо шуда буд. Ҳаракат дар шакли муосири худ соли 2012 дар Томск оғоз шуда буд.
Бори аввал чанд нафар бо аксҳои гузаштагони худ, ки ҷангидаанд, ба кӯчаҳои шаҳрҳо баромаданд. Баъдан ин амал бениҳоят густарда шуд.
Ҳоло он на танҳо дар ҳар як минтақаи Русия, балки дар баъзе кишварҳои хориҷӣ низ он гузаронида мешавад.
Дар Украина низ чунин як иқдом таҳти унвони “Ҳеҷ кас фаромӯш нашудааст, ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст” баргузор мешуд.
Мақсад аз "Полки ҷовидонӣ" нигоҳ доштани хотираи онҳое мебошад, ки бар фашизм ғалаба кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0