Рогозин гуфт, чӣ сабаби оғози Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ мешавад

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузаштан ба хазинаи аксДмитрий Рогозин, архивное фото
Дмитрий Рогозин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ метавонад аз сабаби истифодаи силоҳи зидди моҳвора оғоз шавад. Чунин андешаро роҳбари "Роскосмос" Рогозин ироа кард
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Эҳтимоли истифодаи силоҳи зиддимоҳвораӣ дар дастгоҳи ҳар кишвар метавонад сабаби оғози Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ шавад, - гуфт, мудири кулли "Роскосмос" Дмитрий Рогозин.

"Бояд дар назар дошт, ки тахриби киштии кайҳонии бегона Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ аст. Яъне, "casus belli" ба таври рӯшан комил аст", - гуфт Рогозин дар суҳбат бо шабакаи телевизионии "Россия-24".

Вай даъват кард, ба намояндагони ИМА, ки даъвати мораторий ба озмоишҳои яроқи зидди моҳвораро талаб мекунанд, бовар накунанд.
Ба гуфтаи мудири кулли "Роскосмос", Иёлоти Муттаҳида аллакай озмоишҳои заруриро анҷом дода, чунин системаҳоро ба кор бурдааст ва ҳоло худро "кабӯтари сулҳ вонамуд мекунад".
Президент РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
Номи 6 кишвар - муттаҳидони Путин дар Ҷанги Сеюми Ҷаҳонӣ гуфта шуд
Рогозин инчунин аз он изҳори ниграонӣ кард, ки инсоният баназдикӣ дар ҷаҳоне зиндагӣ мекунад, ки яроқи қатли ом дар кайҳон ба воқеият табдил меёбад.
Дар Иёлоти Муттаҳида аллакай чунин пешрафтҳо мавҷуданд, аз ҷумла, мини-шаттли махфии онҳо, X-37B метавонад ҳам мошинҳои истихборотӣ ва ҳам силоҳро интиқол диҳад, бовар дорад ӯ.
Песков: Ҳадаф аз амалиёти низомӣ дар Украина пешгирӣ аз Ҷанги Ҷаҳонии Сеюм аст
"Пешниҳоди муштараки Чин ва Русия дар бораи созишномаи манъи партоби силоҳ ба кайҳон вуҷуд дорад ва Иёлоти Муттаҳида ба ҷои вокуниш ба ин пешниҳодҳо изҳороти хандаовар ироа мекунад", - таъкид кард Рогозин.
Лентаи хабарҳо
0