Ҳушдори вазири дифои толибон: Таҳоҷум аз сӯйи ҳамсоягонро таҳаммул намекунем

© IeaOfficeМинистр обороны талибов Мулла Мухаммад Якуб
Министр обороны талибов Мулла Мухаммад Якуб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сарпарасти Вазорати дифои толибон ҳушдор додааст, ки давлати кунунии Афғонистон таҳоҷум аз сӯйи ҳамсоягонашонро таҳаммул нахоҳад кард
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Мулло Муҳаммад Яъқуб, сарпарасти Вазорати дифои толибони Афғонистон гуфтааст, ки ҳукумати Кобул таҳоҷум аз сӯйи ҳамсоягони худро таҳаммул намекунад.
Ин изҳори назар аз сӯйи сарпарасти Вазорати дифои толибони пас аз эътирози Кобул ба ҳамлаҳои ҳавоӣ аз сӯйи Покистон дар хоки Афғонистон матраҳ шудааст.
Мақомоти феълии Афғонистон Покистонро дар ҳамлаҳои ҳавоӣ, ки ба гуфтаи мақомоти толибон, боиси ҳалокати даҳҳо нафар дар вилоятҳои Кунар ва Хуст шудааст, айбдор кард.
Давлати Покистон даст доштани худ дар ин ҳамлаҳои ҳавоиро таъйид накардааст,аммо иддао дорад, ки ҳар ду кишвар дӯсту бародар ҳастанд.
Бывший советник президента Афганистана Мухаммад Мухакик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2022
Муҳаққиқ ба мардуми Афғонистон: Дар хонаҳоятон намоз бихонед
Мулло Муҳаммад Ёқуб, иҷрокунандаи вазифаи вазири дифои толибон дар Афғонистон дар солгарди куштори Мулло Муҳаммад Умар, асосгузори гурӯҳи Толибон гуфт: “Мо ҳам дар ҷаҳон ва ҳам бо ҳамсоягони худ бо мушкилоту чолишҳо рӯ ба рӯ ҳастем”.
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Покистон дар вокуниш ба изҳороти сарпарасти Вазорати дифои толибони Афғонистон гуфт, Исломобод барои таъмини амният дар ин кишвар барои муддати тӯлонӣ бо Афғонистон ҳамкорӣ мекунад.
“Покистон ва Афгонистон ду кишвари бародаранд”, — гуфт ӯ.
Мақомот ва мардуми ду кишвар терроризмро хатари ҷиддӣ медонанд ва ҳар ду аз он кайҳо ранҷ мебурданд.
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Покистон афзуд: "Муҳим ин аст, ки ду кишвар ба таври қобили мулоҳиза тавассути роҳҳои дипломатӣ ҳамкориҳоро дар заминаи мубориза бо терроризми фаромарзӣ ва барои аз байн бурдани гурӯҳҳои террористӣ дар қаламрави ду кишвар ба роҳ монанд ва дар ин ҷодда тадобири зарурӣ андешанд".
Флаг Ирана на одной из улиц Тегерана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2022
Шарҳи Теҳрон дар бораи моҷарои марзии Эрону Афғонистон
Вазорати хориҷаи толибони ахиран сафири Покистонро ба нишони эътироз алайҳи ҳамлаҳои ҳавоӣ дар вилоятҳои Хуст ва Кунар эҳзор кард. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки дар ҳамлаҳои чархболҳои низомии Покистон 36 нафар кушта шудаанд.
Раиси Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Афғонистон низ аз кушта шудани 20 кӯдак дар ҳамлаҳои ҳавоии 16 апрел хабар дод.
Даргириҳо дар марз бо Покистон аз замони дубора ба сари қудрат расидани толибон дар Афғонистон сурат мегиранд. Артиши Покистон, ки аз идомаи ҳамлаҳои ҷангҷӯён хаста шудааст, дар моҳҳои ахир амалиёти худро дар марзи Афғонистон афзоиш додааст.
Лентаи хабарҳо
0