Аз ҷалби сармоя то ташкили ҷойҳои кории нав. Баррасии дурнамои иқтисоди миллӣ дар Душанбе

© Министерство экономики и торговли РТПрезентация прогнозов роста национальной экономики
Презентация прогнозов роста национальной экономики - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар пойтахти Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои мухталиф дурнамои нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дурнамои нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ дар соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025 дар шакли рӯнамо муаррифӣ шуд
Тавре дафтари матбуотии ин ниҳоди давлатӣ хабар додааст, дурнамои нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ дар соли 2023 зимни ҷаласаи гурӯҳи корӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар муаррифӣ шуд.
Манбаъ иттилоъ дод, Фарҳод Восидиён, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар ин ҷаласа зикр намудааст, ки ҳадафи муаррифии дурнамо иҷрои дастуру супоришҳои президенти Тоҷикистон дар самти самаранок ва оқилона истифода намудани иқтидори мавҷуда, таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва дар ин замина зиёд намудани ҷойҳои кории нав, ҷалби сармояи хориҷӣ, бахусус сармояи мустақим, рушди бахши хусусӣ ва дар маҷмуъ таъмини шароити мусоид барои рушди соҳаҳои иқтисоди кишвар мебошад.
Экономический рост, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2022
Мақомот: Рушди иқтисод дар соли 2022 на кам аз 8 дарсад хоҳад буд
Қайд карда шудааст, ки ҳангоми таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025 бояд ба ҷанбаҳои сифатии рушд ва муқаррароти консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ диққати махсус дода шавад.
Дар ин ҷаласа аз ҷониби намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар дурнамои соҳаҳои саноат, энергетика, сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусӣ дар соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025 дар шакли рӯнамо муаррифӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши нави худ, ки дар аввали соли равон нашр шуда буд, коҳиши иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2022 то 5,5% ва дар соли 2023 то 4,5% пешгӯӣ карданд.
Председатель правления Евразийского банка развития Николай Подгузов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2021
Подгузов: Энержӣ ва об манбаи аслии рушди иқтисод аст
Таҳлилгарони Бонки Ҷаҳонӣ тақвияти ташаннуҷи геополитикӣ дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла эҳтимоли “шиддати низоъ дар Украина ё миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон”-ро аз эҳтимол дур намедонанд, ки метавонад ба бозори молиявии минтақа фишор оварад.
Пешгӯии коршиносони Бонки авруосиёии рушд нисбатан хушбинона буда, рушди иқтисоди ҷумҳуриро дар соли равон дар сатҳи 7,9% пешбинӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0