Эътироз алайҳи Пашинян ва боздоштҳои бераҳмона: дар Ереван чӣ мегузарад - видео

© Sputnik / Гузаштан ба хазинаи аксПолиция стянула дополнительные силы к захваченному зданию ППС в Ереване
Полиция стянула дополнительные силы к захваченному зданию ППС в Ереване - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Арманистон тазоҳуроти густурда ҷараён дорад. Таҳоҳургарон истеъфои ҳукуматдоронро ба далели сиёсат дар Қарабоғ талаб мекунанд
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Дар Арманистон ҷонибдорони мухолифин субҳи рӯзи душанбе тазоҳуроти густурдаро аз сар гирифтанд.
Сокинони Ереван кӯчаҳои марказии шаҳрро бастанд ва истеъфои сарвазир Никол Пашинянро талаб карданд.
Кормандони пулис эътирозгаронро боздошт мекунанд. Теъдоди эътирозгароне, ки ба шӯъбаҳои пулис бурда шуданд, ба 200 нафар расид, менависад Sputnik Арманистон.
Қайд мешавад, ки норозигии шаҳрвандонро чанд изҳороти пурсарусадои Пашинян дар бораи раванди музокирот оид ба Қарабоғ ба вуҷуд овардааст.
Мухолифин аз 25 апрел ба ин сӯ тазоҳуроти ғайримарказӣ баргузор мекунанд.
Қаблан, додситонии кулли Арманистон аз вуруди шикояти наздикони сарбозони армание, ки дар ҷанги Қарабоғ кушта шуданд, хабар дод.
Премьер-министр Армении Никол Пашинян на неформальной встрече руководителей государств - участников СНГ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2022
Додситонии кулли Арманистон шикоёти алайҳи Пашинян ба ин ниҳод воридшударо таҳқиқ мекунад
Ба иттилои манбаъ, ин шикоят алайҳи Никол Пашинян аст, ки дар он иддао мешавад, алайҳи ӯ мутобиқи чанд моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла ба иттиҳоми хиёнат ба Ватан парванда боз гардад.
Феълан Додситонии кулли Арманистон дастури баррасии ин муроҷиат аз ҷониби муфаттишонро содир кардааст.
Лентаи хабарҳо
0