Ҳушдори КҲФ ба сокинони Суғд: то охири ҳафта ба кӯҳу обанборҳо наравед

© КҲФСел дар Тоҷикистон
Сел дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз эҳтимоли боридани борону фаромадани сел ҳушдор дода аз сокинон хоҳиш кардааст аз сайругашт дар кӯҳҳо даст кашанд
ДУШАНБЕ, 2 май - Sputnik. Агентии обуҳавошиносӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар додааст, ки ҳарорати ҳаво дар чанд рӯзи оянда тағйирёбанда боқӣ монда, эҳтимол дорад то охири ҳафта дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва наздикӯҳии Суғд хатари баланди боридани борон, жола ва фаромадани сел боқӣ вуҷуд дорад.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд хабар додааст.
Аз ин хотир Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба шаҳрвандони кишвар ва ширкатҳои сайёҳӣ тавсия додааст, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба назди обанборҳо, хатсайрҳои сайёҳӣ ва сайругашт дар кӯҳҳо даст кашанд.
Сели мудҳиш ва пайомадҳои он дар Кӯлоб  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2022
КҲФ аз омадани сел дар Тоҷикистон ҳушдор медиҳад
Ҳамзамон КҲФ аз аҳолӣ даъват кардааст, ки то ҳадди имкон дар чунин рӯзҳои борониву хатаровар аз сафар тариқи роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо, рафтан ба ҷамъоварии гиёҳҳои доруворӣ, ғунучини ҳезум, ҷамъоварии занбӯруғ ва машғул шудан ба моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд.
Ин Кумита ҳамчунин ба аҳолӣ тавсия додааст, ки селроҳаҳо ва ҷӯйборҳои назди иморату иншоотҳоро аз ҳар гуна хасу хошок пок кунанд, то селоб маҷрои худро дигар карда, вориди ҳавлиҳо нашавад.
Лентаи хабарҳо
0