Раҳмон ба Эрон меравад? Раисӣ маротибаи саввум президенти Тоҷикистонро даъват кард

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Ирана Ибрахим Раиси
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Ирана Ибрахим Раиси - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2022
Обуна шудан
Кишвардори Ҷумҳурии Эрон аллакай маротибаи саввум ҳамтои тоҷики худро баро анҷом додани сафари расмӣ ба меҳмонӣ даъват мекунад
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро ҳамтои эронии ӯ Саидиброҳим Раисӣ ба Эрон даъват намудааст. Ин аллакай маротибаи саввум аст, ки Раисӣ, Эмомалӣ Раҳмонро ба меҳмонӣ мехонад.
Бар хабари котиботи роҳбари давлат бегоҳи рӯзи якуми май Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Эрон суҳбати телефонӣ анҷом дод. Маҳз дар ҷараёни ин суҳбат Эмомалӣ Раҳмон дигарбора ба Эрон даъват шуд.
Манбаъ меафзояд, дар оғози суҳбат роҳбарони ду давлат ҳамдигарро бо муносибати фарорасии Иди саиди Фитр самимона табрик гуфтанд.
Даъват шудани Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон
Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Эрон сулҳу субот, некӯаҳволӣ, файзу баракот ва дар роҳи пешрафту шукуфоӣ дастовардҳои рӯзафзун орзу намуданд.
Дар идомаи суҳбат президентҳо ҷанбаҳои мубрами рӯзномаи ҳамкориҳои дуҷониба ва иқдомҳои муштараки минбаъдаи ҷонибҳоро ҷиҳати рушду таҳкими пайгиронаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди ду кишвар баррасӣ намуданд.
Встреча президента Ирана Э. Раиси с представителями Духовного управления мусульман РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.02.2022
Раисӣ: Ҳамсояҳо кумак кунанд, то ҳукумати фарогир дар Афғонистон шакл бигирад
Миёни ҷонибҳо, ҳамчунин, атрофи масъалаҳои алоҳидаи байналмилаливу минтақавии мавриди назари тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки қаблан президенти Эрон дар солрӯзи Эмомалӣ Раҳмон унвонии ӯ барқияи шодбошӣ ирсол кард ва дар мактуби табрикотияш роҳбари давлатро ба Эрон хонда буд.
Зимнан, моҳи марти соли ҷорӣ зимни суҳбати телефонии вазирони умури хориҷаи Тоҷикистону Эрон даъвати Раисӣ аз Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари корӣ ба Эрон изҳор дошта шуд.
Лентаи хабарҳо
0