Коҳиши назарраси истеҳсоли семент дар Тоҷикистон

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузаштан ба хазинаи аксПроизводство цемента. Архивное фото
Производство цемента. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Аз аввали сол истеҳсоли семент дар кишвар нисбат ба соли 2021 қариб 6 фоиз кам шудааст. Ин нишондиҳанда бар хилофи нақшаҳо камтар аст
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Дар семоҳаи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон беш аз 971,4 ҳазор тонна семент тавлид шудааст, гузориш медиҳад бахши саноати кишвар.
Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 қариб 6% камтар аст. Кам шудани истеҳсоли маҳсулот бештар аз 60,3 ҳазор тоннаро ташкил дод.
Маврид ба зикр аст, ки дар семоҳаи аввали соли қаблӣ дар кишвар 1 миллиону 300 ҳазор тонна семент истеҳсол карда шуда буд.
Цементный завод, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Тоҷикистон содироти сементро афзоиш медиҳад
Маълум аст, ки Тоҷикистон дар ду соли оянда афзоиши солонаи содироти семент дар ҳаҷми 200 ҳазор тоннаро пешбинӣ кардааст.
То муҳлати муайяншуда ба 7 миллион тонна расондани ҳаҷми маҳсулот пешбинӣ карда шудааст.
Ниҳодҳои зирабти кишвар мунтазам хабар медиҳанд, ки миқдори иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва ҳаҷми истеҳсоли семент сол то сол меафзояд.
Дар баробари афзоиши истеҳсолот талаботи дохилӣ ба масолеҳи бинокории оммавӣ ҳам меафзояд.
Тамоми талаботи дохилӣ ба семент, ба истиснои сементи ранга, аз ҳисоби истеҳсоли ватанӣ таъмин мешавад.
Грузовые контейнеры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2022
Аз алюминий то сементу пахта. Афзоиши рекордии содирот дар Тоҷикистон
Бояд гуфт, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 16 корхона ба тавлиди ин мавод машғул аст. Иқтидори солонаи онҳо дар маҷмуъ 5,6 миллион тонна маҳсулотро ташкил медиҳад.
Истеҳсолкунандагони асосӣ ҶДММ "Ҷунтай Моҳир" ва ҶДММ "Хуаксин Ғаюр Семент" дар Ёвон, инчунин "Хуаксин Ғаюр (Суғд) Семент" мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки соли қаблӣ дар кишвар беш аз 4,2 миллион тонна семент тавлид шуда буд. Тибқи омор, ҳамасола ҳудуди 1,5 миллион тонна аз ҳаҷми умумии маҳсулот ба кишварҳои ҳамсоя содир мешавад.
Лентаи хабарҳо
0