Қатъи кори метрои Шанхай бинобар авҷ гирифтани вируси COVID-19 дар ин шаҳр

© Sputnik / Анна Раткогло / Гузаштан ба хазинаи аксСитуация в Пекине коронавирус -метро
Ситуация в Пекине коронавирус  -метро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Расонаҳо дар бораи муваққатан қатъ шудани кори метрои Шанхай бинобар авҷ гирифтани пандемияи коронавирус миёни сокинони шаҳр хабар медиҳанд
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Тибқи иттилое, ки дар сомонаи метрои Шанхай “Weibo” нашр шудааст, ду хатти боқимондаи бози метрои Шанхай низ бо сабаби сар задани COVID-19 баста шуданд.
"Аз соати 13:00-и 10 майи соли 2022 ва то огоҳии минбаъда, хатҳои шашум ва шонздаҳуми метрои Шанхай кори худро қатъ мекунанд. Дар ҳоли ҳозир тамоми хатҳо ва истгоҳҳои метрои Шанхай кори худро қатъ кардаанд", — омадааст дар ин хабар.
Метрои Шанхай аз лиҳози дарозӣ дар ҷаҳон ҷои аввалро ишғол мекунад. Метрои ин шаҳр 831 километр, дорои 20 хат ва 508 истгоҳ мебошад.
Пассажиры в метро в Токио, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2022
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Авҷи коронавирус дар Пекин кори нақлиёти ҷамъиятиро масдуд мекунад
Қабл аз сар задани пандемияи COVID-19 рафтуомади мусофирон дар як рӯз беш аз даҳ миллион нафарро ташкил медод.
Шанхай аз 28 март ба далели сар задани коронавирус дар муҳосира қарор дорад. Мақомот интизор доштанд, ки ду даври санҷиш то 5 апрел анҷом ёфта, аз паҳншавии ин беморӣ пешгирӣ карда мешавад. Аммо мақомот эълон доштанд, ки бинобар зиёд будани шумораи мубталоён, қарантина бояд тамдид карда шавад - то ба кай, мушаххас нест.
Аз оғози пандемия мақомоти Чин сиёсати "таҳаммулпазирии сифр"-ро нисбат ба коронавирус риоя карданд, аз ин рӯ ҳатто дар ҳоли вуҷуди мизони пасти беморӣ ҳам мақомот чораҳои қатъӣ меандешанд ва тамоми минтақаҳо, ҳатто шаҳрҳоро барои қарантина мебанданд.
Лентаи хабарҳо
0