Салиби Сурх бо мақомоти Эрон вазъияти муҳоҷирони афғонистониро баррасӣ кард

© Sputnik / Стас ЭтвешНастольные флаги Красного Полумесяца и Красного Креста
Настольные флаги Красного Полумесяца и Красного Креста - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мудири кулли Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Теҳрон масоили мухталиф, аз ҷумла вазъияти муҳоҷирони афғонистониро бо мақомоти Эрон баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Роберт Мардини, мудири кулли Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ахиран ба Теҳрон сафар ва бо шуморе аз мақомоти эронӣ дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст ИРНА.
Ба иттилои манбаъ, Роберт Мардинӣ ахиран дар ташреҳи гуфтугӯҳои худ бо мақомоти Эрон гуфт, баррасии авзоъ дар Афғонистон бо таваҷҷуҳ ба таҳаввулоти ахири ин кишвар, ки дар моҳи август бо тағйири давлат сурат гирифт, аз муҳимтарин мавзуоти гуфтугӯ бо мақомоти Эрон будааст.
Вай гуфт, Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх бо Ҳилоли Аҳмари Эрон роҳҳои ироаи хадамоти беҳдоштии ҳаётӣ ба муҳоҷирону паноҳндагони афғонро мавриди баҳс қарор дод.
Хосейн Амир Абдоллахиян, галава МИД Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2022
Эрон аз толибон хостори таъмини амнияти комили намояндагиҳои кишвар дар Афғонистон шуд
Оқои Мардини ҳамчунин афзуд, бо мақомоти Эрон дар бораи вазъияти Яману Сурия, таъсироти ҷангу хушунатҳо ва ҳамчунин тағйироти обуҳавоӣ бо мақомоти Эрон гуфтугӯ кардааст.
Мудири кулли Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх бо ишора ба рафтори саховатмандонаи Эрон бо паноҳҷӯён афзуд, тавсеаи ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ, ҳамкорӣ дар заминаи созмондиҳии муҳоҷирони Афғонистон ва муқобила бо КОВИД аз заминаҳои ҳамкории Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх бо Эрон аст.
Лентаи хабарҳо
0