Тоҷикистон мизбони Ҷашнвораи байналмилалии рақс хоҳад буд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанТаджикские девушки танцуют на сцене
Таджикские девушки танцуют на сцене - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2022
Обуна шудан
Тоҷикистон мизбони як чорабинии бузурги байналмилалии рақс мешавад, ки аз пойтахт оғоз шудаву дар чанд шаҳри кишвар баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Рӯзҳои 11-13 май дар Тоҷикистон Ҷашнвораи байналмилалии рақси "Рақс моро муттаҳид мекунад" баргузор мешавад, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ.
Дар ин чорабинӣ гурӯҳҳои эҷодии рақс аз Қазоқистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва худи кишвари мизбон ширкат карданӣ ҳастанд.
Гуфта мешавад, ки чорабинӣ бо мақсади табодули таҷриба ва таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ баргузор мешавад.
Маросими ифтитоҳи ин ҷашнвора рӯзи чаҳоршанбе, соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар Душанбе баргузор мешавад.
Аммо барномаи эҷодӣ на танҳо дар пойтахти кишвар барпо мегардад, балки 12 май дар шаҳри Норак давом карда, 13 май ба Ҳисор мерасад.
Ёдовар мешавем, ки ин ягона чорабинии бузурги байналмилалӣ нест, ки барои ояндаи наздик дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Актриса Марьям Исоева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2022
Ансамбли “Бибиҳо"-и Тоҷикистон сазовори ҷоизаи байналмилалӣ шуд
Ҳамин тариқ, аз 13 то 20 май дар пойтахт Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои ҷавонони то 16-сола баргузор мешавад. Барои ба даст овардани унвони қавитарин тими минтақа панҷ тим дар он рақобат мекунанд.
Дар Чемпионати CAFA-2022 дастаҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд. Дар маҷмуъ даҳ бозӣ миёни дастаҳои ҷавонон (U-16) баргузор мешавад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.
Тибқи низомнома, мусобиқот аз рӯи системаи даврӣ баргузор мешаванд. Дастаи ғолиб аз рӯйи шумораи холҳои гирифтааш муайян карда мешавад.
Ба ин тартиб мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувум бозӣ карда, бозии аввал 16 май баргузор мешавад. Рақибони ҷавонони Тоҷикистон ҳамсолони қирғизистонии онҳо хоҳанд буд.
Лентаи хабарҳо
0