Раҳмон аз Маскав боздид мекунад

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Президенти Тоҷикистон дар нишасти сарони кишварҳои узви СПАД, ки рӯзи 16 май дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Маскав боздид мекунад.
Сарвари давлат барои ширкат дар нишасти сарони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), ки рӯзи 16 май баргузор мешавад, ба пойтахти Русия меравад.
Сафари раисҷумҳури кишвар ба Маскавро дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон аз дафтари матбуотии президент тасдиқ карданд.
Ҳанӯз мушаххас нест, ки Раҳмон бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия мулоқот мекунад ё на.
Дар ҳамин ҳол Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл таъкид кард, ки баъд аз нишасти сарони СПАД раҳбари Русия тасмим дорад, як силсила музокирот анҷом диҳад.
Президент РФ В. Путин провел встречу с членами Деловой России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2022
Путин хостори таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои ИДМ шуд: Ин барои мо калидист - видео
Ба гуфтаи Песков, интизор меравад, ки пас аз поёни ин нишаст ба хабарнигорон аз ҷониби дабири кулли созмон – Станислав Зас ва ҳамчунин сарвазири Арманистон Никол Пашинян маълумот дода мешавад.
Вай ҳамчунин ёдовар шуд, ки Арманистон ҳоло раиси ин созмон аст.
Қаблан гуфта мешуд, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар рӯзи нишаст бо Александр Лукашенко, ҳамтои белорусаш мулоқот мекунад.
"Ҳар ду хоҳад буд. Дар як рӯз", - гуфт Песков дар посух ба ин суол, ки мулоқоти Путин ва Лукашенко дуҷониба хоҳад буд ё дар чаҳорчӯби нишасти СПАД баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистонро шомил мешавад.
СПАД 15 майи соли 1992 дар Тошканд (Ӯзбекистон) таъсис ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0