Рустами Эмомалӣ аз раиси Сенати Қазоқистон сармоягузорӣ хост

© Маджлиси Милли Маджлиси Оли Республики ТаджикистанВстреча Рустама Эмомали с главой Сената Казахстана
Встреча Рустама Эмомали с главой Сената Казахстана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҳайатҳои парлумонии Тоҷикистону Қазоқистон ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, маорифу фарҳанг ва низомиву амниятиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Таҳкими марз бо Афғонистон ва рушди ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ аз мавзуъҳои меҳварии музокироти Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва Маулен Ашимбоев, роҳбари Сенати Қазоқистон буд.
Дар ин бора дафтари матбуотии Маҷлиси миллӣ хабар дода афзуд, ки музокирот бо ҳузури ҳайати васеи ҷонибҳо баргузор шуд.
"Масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, маорифу фарҳанг ва низомиву амниятӣ аз мавзуъҳои муҳими мулоқот буданд", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, ки Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи ҳамтои худро ба тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои сармоягузорӣ, амалигардонии лоиҳаҳо дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ҷалб кардааст.
Чрезвычайный и Полномочный Посол Республики Казахстан в Республике Таджикистан Валихан Туреханов принял участие в церемонии официальной передачи гуманитарной помощи Республике Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2022
Тоҷикистон аз Қазоқистон кумаки башардӯстона дарёфт кард
"Дар робита ба мавзуи таъмини амнияти минтақаӣ, бахусус вазъи мураккаби Афғонистон идомаи ҳамкории босамари кишварҳо дар бахши ҳарбию техникӣ зарур шуморида шуд", - омадааст дар иттилоия.
Изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки муносибатҳои байнидавлатии муосири Тоҷикистону Қазоқистон тавассути саъю талоши роҳбарони ду давлат сатҳи шарикии стратегиро касб намудаанд.
Заминаи васеи шартномавию ҳуқуқӣ ва муколамаи доимии сиёсӣ, аз ҷумла дар сатҳи парламентҳо аз омилҳои мусоидаткунанда барои густариши ҳамкориҳо арзёбӣ шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Қазоқистон яке аз шарикони асосӣ дар сохтори тиҷорати хориҷии Тоҷикистон буда, гардиши мол соли гузашта қариб 30 фоиз афзуда, ба зиёда аз як миллиард доллари амрикоӣ баробар шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0