Дар Тоҷикистон гуфтанд, ки пули фурӯши тило куҷо рафт

© AP / Matthias SchraderЗолотые слитки
Золотые слитки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2022
Обуна шудан
Эксклюзив
Ҳаҷми захоири тилои Тоҷикистон дар солҳои 2020-2021 аз 22,3 то 8 тонна коҳиш ёфт. Дар ҷумҳурӣ металҳои қиматбаҳое, ки фурӯхта шуданд, даромад аз онҳо куҷо рафт?
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Маблағ аз фурӯши тило дар захираҳои байналмилалии Бонки миллии Тоҷикистон боқӣ мондааст. Танзимкунанда маблағҳоро бо асъори устуворе нигоҳ медорад, ки қурби асъори онҳо ба пастшавӣ майл надорад.
Намояндагони БМТ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон қайд карданд, ки ҳадафи асосии идоракунии самараноки захираҳои байналмилалӣ дар нигоҳ доштани ҳаҷми кофии онҳо зоҳир мешавад.

"Бонки миллии кишвар барои паст кардани хатари коҳиши ҳаҷми захираҳои байналмилалӣ аз тағйири қимати тило тилои монетариро дар бозори байналмилалӣ фурӯхтааст", - гуфтанд аз БМТ.

Илова бар ин даромад аз фурӯши тило ҳамчун буфер (болишти бехатарӣ) барои пӯшонидани касри ҳисоби ҷорӣ ва дигар масъалаҳо хидмат мекунад.
Дар ҳамин ҳол БМТ афзуд, ки ҳар гуна тағйир дар сохтори захираҳои байналмилалӣ самаранокии идоракуниро муайян мекунад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти Шӯрои ҷаҳонии тило, ҳаҷми захоири давлатии тилои Тоҷикистон дар солҳои 2020-2021 аз 22,3 то 8 тонна коҳиш ёфт. Соли 2020 кишвар ба таври рекордӣ металҳои қиматбаҳоро ба Шветсия содир кардааст.
Россыпное золото, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2022
Корхонаи нави тилобарорӣ дар Тоҷикистон фаъол шуд: Раҳмон хост, қоидаҳо риоя шаванд
Аммо омори моҳҳои январ-феврали соли 2022 нишон медиҳад, ки Тоҷикистон содироти ин колоҳоро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додааст.
Ҳамин тариқ ҳаҷми фурӯши тило 7,6 баробар коҳиш ёфтааст. Даромади 2 моҳ 46 миллион долларро ташкил дод, ки ҳамагӣ 13% нишондиҳандаи ҳамин давраи ҳисоботии соли 2021 аст.
Он замон кишвар тавонист дар 2 моҳи аввал аз тиҷорати металҳо 353 миллион доллар ба даст орад.
Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир дар кишвар 18 корхонаи истихроҷи тило фаъолият дошта, истеҳсоли филизоти қиматбаҳо сол то сол меафзояд.
Корхонаи асосии тило корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин "Зарафшон" мебошад, ки ҳудуди 70%-и ҳаҷми умумии ашёи хоми истихроҷшуда ба ин коргоҳ тааллуқ мегирад.
Лентаи хабарҳо
0