Кӯчаи Нурсултон номи президенти фавтидаи Аморатро мегирад

© AFP 2022 / FAYEZ NURELDINEШейх Халифа бен Заид Аль Нахаян
Шейх Халифа бен Заид Аль Нахаян - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Президенти тозаинтихоби Иморати Муттаҳидаи Арабӣ ба раисҷумҳури Қазоқистон барои номгузорӣ кардани яке аз кӯчаҳои Нурсултон ба номи Шайх Халифа изҳори сипос гуфт
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Яке аз кӯчаҳои пойтахти Қазоқистон ба номи раисҷумҳури фавтидаи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ Шайх Халифа бин Зоид Оли Наҳаён гузошта мешавад.
Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев рӯзи якшанбе барои изҳори тасаллият ба раисҷумҳури тозаинтихобшуда, ҳокими Абузабӣ Шайх Муҳаммад бин Зоид Оли Наҳаён ба ИМА сафар кард.
"Президенти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба раҳбари Қазоқистон барои сафар ва дастгирии шахсӣ дар ин лаҳзаи душвор изҳори сипос кард ва инчунин барои он ки ба як кӯчаи пойтахти Қазоқистон номи Шайх Халифа гузошта мешавад, самимона изҳори сипос кард", - омадааст дар хабари "Акорда".
Дар ҳамин ҳол котиби матбуотии сарвари ин давлат Руслан Желдибай дар сафҳаи иҷтимоии худ дар бораи ҳимояти Шайх Халифа аз Қазоқистон нақл кард.
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2022
Мирзиёев барои видоъ бо президент ба Аморати Араб рафт: Раҳмон чӣ
Ба таъкиди ӯ, Шайх Халифа, ки дӯсти бузурги Қазоқистон буд, ташаббусу лоиҳаҳои ҷониби ин кишварро дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамаҷониба дастгирӣ мекард ва эҳтиром мегузошт.
Ӯ гуфт, 13 миллион доллар барои сохтмони мактаб дар Нурсултон, 25,5 миллион доллар барои маркази перинаталӣ дар Чимкент, инчунин 22 миллион доллар барои таҷдиди шоҳроҳи Қарағанда - Нурсултон ихтисос дода буд.
Ҳаҷми сармоягузории мустақим аз Аморот ба Қазоқистон дар солҳои 2005-2021 2,6 миллиард долларро ташкил додааст. То имрӯз дар Қазоқистон 276 корхонаи муштарак бо иштироки сармояи ИМА фаъолият мекунад.
Лентаи хабарҳо
0