Лукашенко: Русия набояд бо НАТО танҳо мубориза барад

© POOL / Гузаштан ба хазинаи акс Президент Белоруссии Александр Лукашенко на встрече лидеров государств - членов Организации Договора о коллективной безопасности (ОДКБ)
 Президент Белоруссии Александр Лукашенко на встрече лидеров государств - членов Организации Договора о коллективной безопасности (ОДКБ) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Беларус дар нишасти сарони кишварҳои узви СПАД гуфт, ки Русия набояд дар танҳоӣ алайҳи тавсеаи НАТО мубориза барад
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Александр Лукашенко роҳбари Беларус гуфт, ки Маскав алайҳи тавсеаи НАТО набояд танҳо мубориза барад.

"Бидуни муттаҳидии фаврии кишварҳои узви СПАД фардои мо зери суол аст. Агар мо фавран ҳамчун як ҷабҳаи муттаҳид амал мекардем, ин таҳримҳои дузахӣ роҳандозӣ намешуданд, Русия набояд алайҳи тавсеаи НАТО танҳо мубориза барад", - гуфт рисҷумҳури Беларус.

Тавре қаблан рӯзи душанбе хабар дода шуда буд, Александр Лукашенко гуфт, Ғарб алайҳи Беларус ва Русия ҷанги махлути ҳамаҷониба эълон кардааст.
Владимир Путин провел переговоры с Эмомали Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2022
Аз амният то тиҷорат: сабти мулоқоти Путину Раҳмон - видео
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Тоҷикистонро дар сафари корӣ ба пойтахти Русия вазири корҳои хориҷии кишвар ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), ки 16 май дар Маскав баргузор мешавад, вориди пойтахти Русия шуд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо даъвати Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД, нахуствазири Арманистон Никол Пашинян барои ширкат дар ҳамоиши солонаи СПАД, ки ба муносибати 30-юмин солгарди имзои Шартномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси СПАД баргузор мешавад, вориди Маскав шуд.
Лентаи хабарҳо
0