Путин аз ҳадафи озмоишгоҳҳои ИМА дар фазои пасошӯравӣ гуфт

© UNSPLASHВрач в лаборатории делает анализы
Врач в лаборатории делает анализы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2022
Обуна шудан
Президент гуфт, Русия кайҳо боз дар бораи фаъолияти низомию биологии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар фазои пасошӯравӣ бонги изтироб зад
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Биолабораторияҳои ИМА дар кишварҳои пасошӯравӣ ба ҷамъоварии маводи биологӣ ва омӯхтани хусусиятҳои паҳншавии вирусҳо нигаронида шудаанд.
Дар ин бора Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар нишасти СААД изҳор дошт.
"Чунон ки маълум аст, Пентагон дар минтақаи умумии мо даҳҳо лаборатория ва марказҳои махсуси биологӣ таъсис додааст. Ва онҳо ҳеҷ гоҳ ба расонидани ёрии тиббӣ ба аҳолии он кишварҳо машғул нестанд. Вазифаи асосии онҳо ҷамъоварии маводи биологӣ ва паҳн намудани вирусу бемориҳо мебошад", - таъкид намуд роҳбари Русия.
Президент ёдовар шуд, ки Русия кайҳо боз дар бораи фаъолияти биологии низомии ИМА дар фазои пасошӯравӣ бонги изтироб зада буд.
Қаблан вазири умри хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор карда буд, фаъолияти биолабораторияҳои Амрико башариятро таҳдид ба марг мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, Амрико дар ҷаҳон садҳо ҳазор биолаборатория дорад.
"Ман итминон дорам, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи ғайриқобили қабул будани чунин фаъолиятҳо, ки дар маҷмуъ бо хатарҳои марговар шумораи зиёди шаҳрвандони осоиштаро таҳдид мекунанд, минбаъд бештар итминон ҳосил хоҳад кард", - таъкид карда буд вазир.
Встреча глав МИД РФ и Ирана С. Лаврова и Х. Амира Абдоллахиана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2022
"Онҳо садҳо ададанд": Лавров дар бораи биолабораторияҳои низомии Амрико дар ҷаҳон - видео
Аз ин пеш Вазорати дифои Русия аснодеро мунташир карда буд, ки дар он маълумот дар бораи сарфи беш аз 200 миллион доллари ИМА барои фаъолияти озмоишгоҳҳои биологӣ дар Украина мавҷуд аст.
Дар қаламрави Украина беш аз 30 лабораторияи биологӣ таъсис дода шуд, ки ба манфиати Пентагон фаъолият мекарданд, гуфт генерал-лейтенант Игор Кириллов, сардори Қӯшунҳои радиатсионӣ, кимиёӣ ва биологии қувваҳои мусаллаҳи Русия.
Ба гуфтаи ӯ, ҳама чизи зарурӣ барои идомаи барномаи низомии биологии Иёлоти Муттаҳида пас аз оғози амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина мунҳадим шудааст.
Лентаи хабарҳо
0