Ҳайати бузурги тиҷоратии Туркия аз Тоҷикистон боздид мекунад

© Sputnik / Сергей СубботинПортфели, архивное фото
Портфели, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ба тоҷирони Туркия имконоти сармоягузории Тоҷикистон, Кодекси андоз дар таҳрири нав ва минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар муаррифӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Ҳайати 30-нафарии тиҷоратии Туркия таҳти роҳбарии муовинони вазири саноат ва технологияи Туркия Четин Алӣ Дюнмез ва Ҳасан Бюкдеди аз Тоҷикистон боздид мекунанд.
Ин сафар дар доираи тақвияти ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Туркия рӯзҳои 19-21 май сурат мегирад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон.
Интизор меравад, ки дар Душанбе бо ширкати ҳайати тиҷоратии Туркия ва доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон вохӯрии B2B доир гардад.
Дар чорчӯби ин дидор имконоти сармоягузории Тоҷикистон, Кодекси андози кишвар дар таҳрири нав ва минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар рӯнамоӣ мешаванд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2022
Эрдуғон аз Тоҷикистон боздид мекунад
Ҳамзамон ҳайати тиҷоратии Туркия бо роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон, аз қабили вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард.
Гуфта мешавад, ки дар ин мулоқот роҳҳои тақвияти ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ хоҳад шуд.
Созиши Тоҷикистон бо Туркия барои ҳамкории низомӣ
Ҳайати тиҷоратии Туркия инчунин аз нерӯгоҳи барқи обии "Норак", корхонаҳои "Ширкати алюминийи тоҷик", "Акиа Авесто Автоматив Индастри", "Coca- Cola Tajikistan", "Ҷунтай Данғара Син Силу Текстайл" боздид менамояд.
Ҳамчунин соҳибкорони турк бо майдони пахта дар Данғара, Минтақаи саноатии Душанбе, Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" ошно хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0