Ӯзбекистон таҷрибаи Тоҷикистонро пиёда кард

© Sputnik / Евгений ЕпанчинцевПоследний звонок
Последний звонок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2022
Обуна шудан
Тоҷикистон ҳанӯз соли 2016 баргузории "Занги охир"-ро дар макотиб манъ карда буд. Ҳамакнун Ӯзбекистон низ ин ба дунболи Тоҷикистон маҳдудият ҷорӣ кард
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Дар Ӯзбекистон қоидаҳои нави гузаронидани "Занги камолот" ҷорӣ шуд. Ин кишвар ба мисли Тоҷикистон доир кардани ин чорабиниро маҳдуд намуд.
Ба иттилои Вазорати маориф, ин ниҳод дар тамоми макотиби Ӯзбекистон қоидаҳои нави баргузор кардани чорабинии хайрбодӣ барои хатмкунандагонро пиёда намудааст.
Бар тибқи қоидаҳои нав, ҷамъоварии маблағ аз волидон, тақдими туҳфаҳои арзишманд ва зиёфат дар тарабхонаву қаҳвахона қатъиян манъ карда шуд.
Гуфта мешавад, "Занги камолот" дар тамоми мактабҳои Ӯзбекистон 25 май танҳо дар саҳни мактаб бидуни ҳузури меҳмонон ҳамагӣ 45 дақиқа сурат мегирад.
"Ба беҳтарин хатмкунандагон сипоснома тақдим мешавад", - омадааст дар хабари вазорат.
Парламент Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2022
Бо мошин ба мактаб рафтӣ, модаратро ҷазо медиҳанд: қонуни нав дар Тоҷикистон
Бояд гуфт, ҳамаи ин маҳдудиятҳо дар Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2016 ҷориянд. Омили асосии манъ кардани "Занги камолот" ва "Иди Алифбо" -ро дар кишвар ба ҷилавгирӣ кардан аз амалҳои коррупсионӣ рабт дода буданд.
Ба ҳамин хотир дар макотиби Тоҷикистон ба ҷойи ин чорабинӣ мувофиқи ҷадвали корӣ хонандагон ба дарсҳо фаро гирифта мешуданд.
Инчунин дар соли 2010 дар мактабҳои Тоҷикистон таътилҳои тирамоҳию баҳориро низ манъ карда буданд, дар ҳоле муҳлати таътили зимистонаро дароз карданд. Сабаби ин норасоии қувваи барқ дар фасли сармо буд.
Аммо тирамоҳи соли 2018 таътилҳои тирамоҳию баҳориро барқарор намуданд.
Лентаи хабарҳо
0